Шӯҳрат Улфатов аз шӯъбаи эҳёи бемористон ба палата мебаранд
Пизишкон гуфтаанд, ки пас аз чанд рӯз Шӯҳрат Улфатов - муҳоҷири тоҷикро, ки дар ҳодисаи Магнитогорск маҷрӯҳ гардид, аз шӯъбаи эҳё ба палата мебароранд. Интизор меравад, волидони Шӯҳрат фардо ба Челябинск парвоз кунанд
Шӯҳрат Улфатов - муҳоҷири 26-солаи тоҷикро, ки дар пайи ҳодисаи Магнитогоркс маҷрӯҳ шуд, аз шӯъбаи эҳёи бемористони вилоятии Челябинск ба палата мебароранд. Дар ин бора пизишкон ба хонаводаи Шӯҳрат хабар доданд.
Бахтиёр Султонов - тағои Шӯҳрат дар сӯҳбат бо Sputnik Тоҷикистон гуфт, вазъи ҷиянаш назар ба рӯзҳои гузашта рӯ ба беҳбудӣ ниҳодааст.
"Рӯзи гузашта бо ҷиянҳоямон, ки дар Магнитогорк қарор доранд, сӯҳбат карда будем. Онҳо ба Челябинск ба хабаргирии Шӯҳрат рафтаанд. Пизишкон иҷозат надодаанд, ки ба наздаш дарояд, вале гуфтаанд вазъаш хело беҳтар асту баъди ҳафтае ба палата мебароранд. Он гоҳ наздикон метавонанд аз ба наздаш дароянд", - мегӯяд вай.
Ба гуфтаи Султонов, Шӯҳратро бо далели он ки шушҳояш осеб диданд, то ҳол аз дастгоҳи нафасдиҳӣ ҷудо накардаанд.
Волидони Шӯҳрат ба Челябинск мераванд
Падару модари Шӯҳрат - Тӯтихон Улфатова ва Маҳмадшо Улфатов фардо, 18 январ ба Русия парвоз хоҳанд кард. Онҳо чанд рӯзи ахир барои сафар санад омода мекардаанд.
"Шиносномаи (хориҷӣ - идора) апаамро гирифтем. Насиб, фардо падару модари Шӯҳратро ба Челябинск гусел мекунам", - мегӯяд Улфатов.
Шухрат Улфатов с женой Раджамбо Исоевой
Ҳоло ба Шӯҳрат тақдири зану фарзандашро намегӯем
Дар пайи ҳодисаи Магнитогорск 4 узви хонаводаи Шӯҳрат фавтиданд. Ӯ ҳоло хабар надорад, ки ҳамсар ва се фарзандаш дар қайди ҳаёт нестанд.
Сафаров мегӯяд, ки Шӯҳрат пас аз ба худ омадан, шаби 10 январ аз аҳволи зану фарзандонаш пурсидааст. Ба вай гуфтаанд, ки ҳама саломатанд.
"Ҳоло ҳам ба Шӯҳрат дар бораи фавти зану фарзандаш чизе нагуфтаем. Ӯ пас аз ба худ омадан, дарҳол бо ишора онҳоро пурсидааст. Консули генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Сафар Сафаров гуфтааст, ки онҳо саломатанд. То пурра сиҳат шудани захмҳои Шӯҳрат ба вай ин хабарро намерасонем", - афзуд Бахтиёр.
Саймухсиддин, 3-летний сын Шухрата Улфатова
Раҷабмо аз паси 7 бародару хоҳараш рафт
Ба гуфтаи тағои Шӯҳрат, пеш ҳафт фарзанди волидони Раҷамбо гузашта буданд. Раҷабмо 8-умин фарзандашон будааст, ки волидон ба хок супурданд.
Пеш аз ҳодисаи мудҳиши субҳи 31 декабри соли 2018 , Раҷамбо ва Шӯҳрат дар хонаи 2-ҳуҷрагие дар ҳамон бинои таркида зиндагӣ мекарданд. Кӯдаконаш ба боғча мерафтанд, зан хонашин буду Шӯҳрат дар сохтмон кор мекард.
Ахмад, 6-летний сын Шухрата Улфатова
Бахтиёр мегӯяд, аллакай муайян шудааст, ки хонаводаи Шӯҳрат низ аз Ҳукумати Русия ҷубронпулӣ мегиранд. Онҳо мехоҳанд маблағҳоро ба волидони Раҷабмои ғуррамарг диҳанд.
"Волидони Раҷабмо хоксорона зиндагӣ доранд. Барои гирифтани ҷубронпулии Ҳукумати Русия тамоми ҳуҷҷатҳоро омода кардем. Ният дорем, ки ҳамон маблағҳоро пурра ба волидони Раҷабмо медиҳем, то зиндагиашон беҳтар шавад", - афзуд вай.
Ҳамчунин ба гуфтаи Бахтиёр, аз Чеченистон ба хонаводаи Шӯҳрат кӯмакпулӣ расонидаанд.
Фотима, 4-летняя дочь Шухрата Улфатова
Ҳодисаи Магнитогорск
Субҳи 31 декабр, ки мардуми Русия дар ташвиши таҷлили соли нав буданд, як подъезди бинои 9-қабатае дар Магнитогорск фурӯ рехт. Дар пайи ҳодиса 39 тан, аз ҷумла 4 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд.
Хонаводаи Шӯҳрат Улфатов дар бинои шашум зиндагӣ мекарданд. Шӯҳрат Улфатовро худи ҳамон рӯз як муҳоҷири тоҷики узбакистонӣ Оламафрӯз Абдуллоев пайдо кард. Вақте ҷавони узбакистонӣ Шӯҳратро аз зери вайронаҳо пайдо мекунад, ӯ маҷрӯҳ, вале дар худ будааст. Ӯ гуфтааст, ки зану фарзандаш ба берун баромаданд.
Аммо ҷасади ҳамсару фарзандони Шӯҳрат - Раҷабмо Исоеваи 24-сола, Аҳмади 6-сола, Фотимаи 4-сола ва Саймуҳсиддини 3-соларо рӯзи 3 январ аз зери харобаҳо бароварданд. Ҷанозаи онҳоро 6-уми январ дар зодгоҳашон ноҳияи Кушониёни вилояти Хатлон ба хок супурданд.
Комментарии (0)