Посухи раиси Бонки миллӣ дар бораи бастани “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”

Посухи раиси Бонки миллӣ дар бораи бастани “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк”
Дар ҷаласаи ахири Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон вазъи ду бонки бузурги кишвар – “Тоҷиксодиротбонк”-у “Агроинвестбонк” баррасӣ шуда, раиси Бонки миллӣ ҳолати кунунии ин бонкҳоро шарҳ дод

 Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон аз Ҷамшед  Нурмаҳмадзода, раиси Бонки миллӣ дар бораи ҳоли “Агроинвестбонк”-у “Тоҷиксодиротбонк” пурсида, ки оё масъалаи бозпас гирифтани литсензияи ин ду бонк ҳоло дар Бонки миллӣ мавриди баррасӣ ҳаст ё не.

Дар посух раиси Бонки миллӣ изҳор дошт, феълан “Агроинвестбонк” аз амонатгузорон 667 миллион қарздор асту “Тоҷиксодиротбонк” аз 13 ҳазору 955 нафар 441 миллион сомонӣ қарздор мебошад.

Ҷамшед Нурмаҳмадзода афзуд, дар бонкҳое, ки мудирияти муваққатӣ ҷорӣ карда шудааст, вазъи фаъолияташон бад нест.

“Масалан, дар “Тоҷпромбонк” 315 нафар пасандозгузор боқӣ монда, бонк уҳдадориашро дар назди пасандозгузорон дар ҳаҷми 156 миллион сомонӣ кам кардааст. Дороии имрӯзаи “Тоҷиксодиротбонк” 3 миллиарду 157 миллион сомониро ташкил намуда, уҳдадориаш дар назди мизоҷон 1 миллиарду 321 миллион сомонӣ боқӣ мондааст. Дар ин давра бонк дар ҳаҷми 2 миллиарду 417 миллион сомонӣ, аз ҷумла дар назди пасандозгузорон — ашхоси воқеӣ 759 миллион сомонӣ уҳдадориашро кам карда, ҳоло аз шахсони воқеӣ, ки шумораашон 13955 нафар мебошад, 441 миллион сомонӣ қарздор мондааст”, - навиштааст нашрияи парлумонии “Садои мардум” аз қавли раиси Бонки миллӣ.

Ӯ дар мавриди “Агроинвестбонк” иттилоъ дод, ки уҳдадории худро дар ҳаҷми 1 миллиарду 142 миллион сомонӣ дар назди пасандозгузорон ва шахсони ҳуқуқӣ кам кард.

“Пасандозгузорони бонк 18 ҳазор кам шуда, 32 ҳазор боқӣ мондаанд. Қарзи бонк аз амонатгузорон ва дигар шахсони ҳуқуқӣ 667 миллион сомонӣ боқӣ мондааст. Тибқи уҳдадорӣ, бонк моҳи ноябри соли ҷорӣ боз 40 миллион сомонӣ қарзро аз амонатгузорон кам мекунад”, - гуфт Нурмаҳмадзода.

Раиси Бонки миллӣ таъкид намуд, ки роҳбарияти “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки уҳдадориҳояшонро дар назди пасандоз­гузорон ва дигар ашхоси ҳуқуқию воқеӣ ба иҷро расонанд.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон дар хитоб ба роҳбарияти Бонки миллӣ таъкид намуд, ки кӯшиш бояд намуд, ки ин масъалаҳо ҳар чӣ зудтар ҳалли худро ёбанд, зеро пешравии иқтисодиёт бе фаъолияти муназзами бонкҳо ғайриимкон аст. Боварии мардумро ба бонкҳо бояд баргардонид, то ин ки дубора ба онҳо рӯ оваранд, зарур хонд Зуҳуров.

Комментарии (0)

Оставить комментарий