Дар Тоҷикистон зиндониёни "террорист" - ро аз дигар маҳбусон ҷудо мекунанд

Дар Тоҷикистон зиндониёни "террорист" - ро аз дигар маҳбусон ҷудо мекунанд
Вазорати адлия мегӯяд, маҳбасхонаи нав имкон медиҳад, назорати маҳбусоне, ки бо ҷурми терроризм маҳкум шудаанд пурзӯр намуда, ҳамзамон аз сар задани дилхоҳ ошӯб сари вақт пешгирӣ кунанд

Дар Тоҷикистон ҳамакнун  маҳбусоне, ки бо ҷурми терроризм маҳкум шудаанд, аз зиндониёни дигар алоҳида нигаҳдорӣ хоҳанд шуд.

Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати иҷрои ҷазоҳои ҷиноятии Вазорати адлияи ҷумҳурӣ Мансурҷон Умаров хабар дод.

Вай таъкид кард, ки чунин маҳбусонро дар алоҳидагӣ аз дигарон таълим додан ва нигоҳ доштан осонтар аст, зеро онҳо манбаи асосии таблиғи ғояҳои экстремистӣ мебошанд.

"Сохтмони чунин зиндон барои пешгирӣ аз куштор ва паҳн шудани ғояҳои ифротгароӣ дар байни маҳбусон мусоидат мекунад" гуфт ӯ.

Инчунин, ба гуфтаи Умаров, бинои махсуси алоҳида имкон медиҳад, ки назорати категорияи ин маҳбусон беҳтар карда шавад ва ҳамзамон аз кӯшиши тазоҳурот ва фирори онҳо саривақт пешгирӣ гардад.

Гузашта аз ин,  ҷудокунии маҳкумшудагон амнияти дигар маҳбусонро низ таъмин мекунад.

Қобили зикр аст, ки пешниҳоди дар алоҳидагӣ нигоҳ доштани маҳбусон пас аз  ду тазоҳуроти ахир дар муассисаҳои ислоҳии  Тоҷикистон, дар Хуҷанд ва Ваҳдат рӯи даст гирифта шуд.

Қаблан вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод изҳор намуда буд, ки яке аз мушкилоти зиндонҳои Тоҷикистон набудани биноҳои замонавӣ бо ҳамаи шароити зарурӣ мебошад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий