Аҳмадзода муовини навашро муаррифӣ кард ва ба Хоҷазода муваффақият хост
Ориф Хоҷазода, ҳамакнун собиқ муовини раиси вилояти Суғд Ориф Хоҷазода бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид
Имрӯз дар ҳукумати вилояти Суғд маросими муаррифии муовини навтаъини раиси вилояти Суғд баргузор шуд, хабар медиҳад дафтари матбуотии ҳукумати вилоят.
Ёдрас мешавем, пештар Зиёзода Сулаймон Ризоӣ бо як фармони раисҷумҳури Тоҷикистон муовини раиси вилояти Суғд дар масоили кишоварзӣ таъин гардида буд.
Ӯ дар мақом ҷои Ориф Хоҷазодаро гирифт, ки раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон таъин гардид.
Тавре манбаъ менависад, Раҷаббой Аҳмадзода зимни муаррифӣ барои фаъолиятҳои пурсамараш ба Ориф Хоҷазода изҳори сипос намуда, дар корҳои минбаъдааш барору комёбиҳо таманно кард.
Раиси вилоят инчунин бо ёдоварӣ аз фаъолиятҳои Зиёзода Сулаймон Ризоӣ дар соҳаи кишоварзӣ изҳори умед намуд, ки дар оянда низ рушди соҳа таъмин ва нишондиҳандаҳо афзун мегарданд.
Комментарии (0)