Гази Узбекистон ба хонаи сокинони Душанбе расид. ВИДЕО
Зулфия Урунова, сокини кӯчаи Мирзо Турсунзодаи Душанбе, пас таваққуфи беш аз даҳсола бо гази табиии Узбекистон чой меҷӯшонад ва хӯрок мепазад. Сокинони ин кӯчаи пойтахти Тоҷикистон аз аввалин маҳаллаҳое ҳаст, ки дубора соҳиби гази табиии Узбекистон шудаанд.
Зулфия Урунова мегӯяд, барои ҳар метри мукааб гази табиӣ 1 сомониву 70 дирам пардохт мекунанд. Дар як моҳ ҳаққи истифодаи гази табиӣ ба 40 сомонӣ баробар будааст. Ҳанӯз бо иллати муддати тӯлонӣ истифода нашудани лӯлаҳои гази табиӣ ва бурида шудани баъзе аз лӯлаҳо сокинони маҳаллаҳои дигари пойтахт ҳанӯз гази табиии Узбекистонро дарёфт накардаанд.
[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2019/01/9/92/924b0f30-91c7-4db4-abb3-cf5341dae4e0_manifest.mpd]
Масъулони идораи “Душанбегаз” мегӯянд, сабаби аслии ба маҳллаҳои дигар шуруъ накардани интиқоли гази табиии Узбекистон фарсуда шудани лӯлаҳои гази табиӣ аст. Барои таъмири лӯлаҳои интиқоли гази табиӣ ба сокинони маҳаллаҳои пойтахт корхонаи “Душанбегаз” ҳанӯз сармояи кофӣ надорад. Аммо ҳамзамон теъдоде аз ошхонаву тарабхонаҳо бо таъмиру азнавсозии лӯлаҳо бо сармояи худ соҳиби газӣ табиӣ шудаанд:
Марат Зинченко, корманди масъули ошхонаи “Қатра” гуфт, "пештар гази моеъ истифода мебурдем. 1 литри он то 4 сомониву 50 дирам буд. Як моҳ шуд, гази табиии Узбекистонро истифода мебарем, ки тақрибан ду баробар арзонтар аст."
Ҳоло бар изофаи теъдоди ками сокинон ва ошхонаву тарабхонаҳо, марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе низ ба истифодаи гази Узбекистон рӯ овардаанд. Ҳаҷми воридоти гази табиӣ аз Узбекистон ҳоло расонаӣ нашудааст, вале масъулони “Душанбегаз” дар суҳбати бидуни навор қимати ҳар ҳазор метри мукааб гази табиии воридотиро 145 доллари амрикоӣ гуфтанд.
То замони қатъи пурраи интиқоли гази табиии Узбекистон ба Тоҷикистон дар соли 2012, корхонаҳои Тоҷикистон ҳар ҳазор метри мукааб гази табииро то 350 доллари амрикоӣ мехариданд.
Сокинон аз соли 2010, замони то 250 доллари амрикоӣ баланд бурдани қимати гази воридотӣ аз Узбекистон комилан аз истифодаи он маҳрум шуда буданд. Он замон солона Тоҷикистон аз Узбекистон то ҳудуди 600 миллион метри мукааб гази табиӣ мехарид.
- “Дар ҳоли ҳозир фишори гази Узбекистон паст аст мо фақат чой ҷӯшонда метавонем”, - гуфт ӯ рӯзи 15-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.
Пештар гази моеъ истифода мебурдем, ки 1 литри он то 4 сомониву 50 дирам буд. Як моҳ боз гази табиии Узбекистонро истифода мебарем ва нархи он тақрибан ду баробар арзонтар аст.
Зулфия Урунова мегӯяд, барои ҳар метри мукааб гази табиӣ 1 сомониву 70 дирам пардохт мекунанд. Дар як моҳ ҳаққи истифодаи гази табиӣ ба 40 сомонӣ баробар будааст. Ҳанӯз бо иллати муддати тӯлонӣ истифода нашудани лӯлаҳои гази табиӣ ва бурида шудани баъзе аз лӯлаҳо сокинони маҳаллаҳои дигари пойтахт ҳанӯз гази табиии Узбекистонро дарёфт накардаанд.
[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2019/01/9/92/924b0f30-91c7-4db4-abb3-cf5341dae4e0_manifest.mpd]
Масъулони идораи “Душанбегаз” мегӯянд, сабаби аслии ба маҳллаҳои дигар шуруъ накардани интиқоли гази табиии Узбекистон фарсуда шудани лӯлаҳои гази табиӣ аст. Барои таъмири лӯлаҳои интиқоли гази табиӣ ба сокинони маҳаллаҳои пойтахт корхонаи “Душанбегаз” ҳанӯз сармояи кофӣ надорад. Аммо ҳамзамон теъдоде аз ошхонаву тарабхонаҳо бо таъмиру азнавсозии лӯлаҳо бо сармояи худ соҳиби газӣ табиӣ шудаанд:
Марат Зинченко, корманди масъули ошхонаи “Қатра” гуфт, "пештар гази моеъ истифода мебурдем. 1 литри он то 4 сомониву 50 дирам буд. Як моҳ шуд, гази табиии Узбекистонро истифода мебарем, ки тақрибан ду баробар арзонтар аст."
Ҳоло бар изофаи теъдоди ками сокинон ва ошхонаву тарабхонаҳо, марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе низ ба истифодаи гази Узбекистон рӯ овардаанд. Ҳаҷми воридоти гази табиӣ аз Узбекистон ҳоло расонаӣ нашудааст, вале масъулони “Душанбегаз” дар суҳбати бидуни навор қимати ҳар ҳазор метри мукааб гази табиии воридотиро 145 доллари амрикоӣ гуфтанд.
То замони қатъи пурраи интиқоли гази табиии Узбекистон ба Тоҷикистон дар соли 2012, корхонаҳои Тоҷикистон ҳар ҳазор метри мукааб гази табииро то 350 доллари амрикоӣ мехариданд.
Сокинон аз соли 2010, замони то 250 доллари амрикоӣ баланд бурдани қимати гази воридотӣ аз Узбекистон комилан аз истифодаи он маҳрум шуда буданд. Он замон солона Тоҷикистон аз Узбекистон то ҳудуди 600 миллион метри мукааб гази табиӣ мехарид.
Комментарии (0)