Горбачёв гунаҳкорони аслии пошхӯрии ИҶШС - ро гуфт

Горбачёв гунаҳкорони аслии пошхӯрии ИҶШС - ро гуфт
Президенти пешини Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ Михаил Горбачёв гуфт, киҳо дар пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ гунаҳкоранд

Гунаҳкорони аслии аз байн бурдани Иттиҳоди Шӯравӣ баргузоркунандагони инқилоби моҳи августи соли 1991 мебошанд, гуфт президенти пешини ИҶШС Михаил Горбачёв дар суҳбат бо рӯзномаи Der Spiegel.

"Дар хотимаи бозсозӣ ва пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ онҳое ҷавобгаранд, ки моҳи августи соли 1991 инқилоб карда, пас аз инқилоб мавқеъи сустшудаи президенти ИҶШС - ро истифода карданд", - гуфт Горбачёв.

Ба гуфти Горбачёв, ӯ медонист, ки Бозсозӣ рискҳои худро хоҳад дошт. Дар баробари ин раҳбарияти ИҶШС бозсозиро муҳим медонист, илова кард собиқ президент.

"Ба таври пешин зистан, аллакай номумкин буд. Ва қисми асосии Бозсозӣ ақидаи сиёсати берунӣ буд, ки ҳам арзишҳои универсалӣ ва беяроқшавиро дар назар дошт ва ҳам интихоби озодро", - шарҳ дод Горбачёв.

Сиёсатмадор иқрор шуд, ки аз Бозсозӣ пушаймон нест вале дар ин роҳ хатогиҳо содир кардаанд.

Би фикри Горбачёв Русия дигар ҳич гоҳ ба низоми идораи тоталитарӣ бознамегардад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий