Қадрдонии Ёдгор Файзов аз генерал Аламшозода: "барои таъмини сулҳу субот дар ВМКБ"
Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон генерал Абдураҳмон Аламшозодаро барои саҳми арзанда дар таъмини волоияти қонун дар вилоят қадрдонӣ кард
Ёдгор Файзов раиси ВМКБ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик генерал Абдураҳмон Аламшозодаро қадрдонӣ кард.
Бино ба гузориши сухангӯи раиси ВМКБ Ғолиб Ниятбеков, Аламшозода барои саҳми арзанда дар таъмини волоияти қонун дар вилоят қадрдонӣ шудааст.
"Бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик, Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов барои саҳми арзанда гузоштан дар таъмини волоияти қонун ва сулҳу субот дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ситоди байниидоравӣ ва таъмини амният дар вилоят, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят Аламшозода Абдураҳмон Аламшо Ифтихорномаи раиси Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ва тӯҳфаи хотиравиро тақдим намуд", - омадааст дар хабарнома.
Ёдрас мешавем, ки ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик дар толори Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон чорабинии тантанавӣ баргузор шуд.
Дар чорабинии мазкур раиси вилоят Ёдгор Файзов, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон Аламшозода Абдураҳмон, муовини якуми раиси вилоят Алишер Мирзонаботов ва дигар шахсони расмӣ ширкат ва суханронӣ кардаанд.
Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов тамоми кормандони Вазорати корҳои дохилӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кухистони Бадахшон ро бо Рӯзи касбиашон табрику муборакбод намуда қайд кардааст, ки саҳми кормандони Вазорат дар таъмини волоияти қонун ва таъмини амният дар вилоят арзанда мебошад.
"Замоне, ки ба гузаштаи таърихи милитсияи тоҷик назар мекунем, пеши назари мо корнамоӣ, қаҳрамонӣ ва ҷоннисориҳои фарзандони содиқ ба миллати бонангу номус ва куҳанбунёду бофарҳанг ҷилвагар мешаванд, ки саршор аз эҳсосу ғурури ватандӯстӣ мебошанд. Зеро онҳо ҳамеша баҳри ҳимояи сарзамини аҷдодӣ, ҳифзи шараф, обрӯи давлату миллат, гиромӣ доштани осору эҷоди гаронбаҳои таърихӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолият дар сафи пеши муборизаҳо қарор доштанд", - гуфтааст раиси вилоят.
Комментарии (0)