ДОИШ масъулияти ҳамлаи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро бар уҳда гирифт

ДОИШ масъулияти ҳамлаи 6-уми ноябр ба дидбонгоҳи "Ишқобод"-ро бар уҳда гирифт
Гуруҳи террористии ДОИШ ё "Давлати исломӣ" эълон кард, дар ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар наздикии марзи Тоҷикистону Узбекистон ҷойгир аст, даст дорад ва дар ин амалиёт 10 сарбози тоҷик кушта шудааст

 Гурӯҳи террористии ДОИШ ё “Давлати исломӣ” (мамнӯъ дар қаламрави Русия) рӯзи 8-уми ноябр, баъд аз се рӯзи ҳодиса, ба воситаи вебсайташ "Аъмоқ" масъулияти ҳамла ба дидбонгоҳи "Ишқобод" дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар наздикии марзи Тоҷикистону Узбекистон ҷойгир аст, бар уҳда гирифт.

Гуруҳи террористӣ эълон намудааст, ки тирпаронӣ дар марз чанд соат идома ёфта, дар натиҷа даҳ сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон кушта шуданд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр шумораи низомиёни кушташударо ду нафар эълон карда буд.
Ҳамзамон ДОИШ нагуфтааст, ки чанд аъзои ин гурӯҳ дар ин ҳамлаи маргбор иштирок намудааст.

Гурӯҳи террористӣ дар яке аз сомонаҳои иҷтимоӣ навореро ҳам интишор намудааст, ки дар он 6 нафари ниқобпуш зери парчами сиёҳ ба халифи нав, ки ба ҷои Абӯбакр ал-Бағдодӣ интихоб шудааст, савганд ёд мекунанд.

Ёдрас мешавем, ки Абӯбакр ал-Бағдодӣ охири моҳи октябри соли равон аз сӯи нируҳои амрикоӣ дар Сурия нобуд карда шуд.

Бояд қайд кард, ки мақомоти марзбонии Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар доданд, ки шаби 6 - уми ноябр як гурӯҳи 20-нафарии ниқобдор ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон ҳамла карданд, ки ба гуфтаи мақомот 15 ҳамлагар кушта шуда, 5 нафарашон боздошт гардиданд. ВУД Тоҷикистон хабар дод, ки 4 нафар дастгир шудаанд.

Мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон дар аввал теъдоди кушташудагон миёни афсарону сарбозони кишварро ду нафар арзёбӣ карданд. Баъдан манобеи дигар аз ҳалокати 5 нафар хабар доданд. Аз сарбози ҳалокшудаи панум  Ғаниҷони Давлат ном бурда шуд, аммо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон феълан расман ин хабарҳоро тасдиқ ё рад накардаанд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий