Эрдуғон аз боздошти ҳамсари ал-Бағдодӣ, роҳбари ДОИШ эълон кард
Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия эълон кард, ки зимни амалиёти зиддитеррористӣ дар Сурия ҳамрсари ал-Бағдодӣ, роҳбари ДОИШ боздошт шудааст
Нирӯҳои амниятии Туркия дар Сурия ҳамсари Абубарк ал-Бағдодӣ, роҳбари гурӯҳи ДОИШ (мамнӯъ дар Русия)-ро боздошт намуданд, эълон намудааст Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия.
“Ал-Бағдодӣ дар нақб худкушӣ кард. Мо дар Сурия ҳамсарашро боздошт кардем. Аммо мо аз ин воҳимае намекунем. Ман дар ин бора бори аввал эълон мекунам. Мо ҳамчунин хоҳарбузург ва шавҳари ӯро низ боздошт кардем”, -гуфт Эрдуғон.
Пештар роҳбари дафтари матбуоти дастгоҳи раисҷумҳури Туркия Фахреттин Алтун хабари боздошти хоҳари ал-Бағдодиро зимни амалиёти зиддитеррористӣ дар Сурия тайид кард.
Ёдрас мешавем, ки 27 октябри соли равон раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп эълон кард, ки нирӯҳои амрикоӣ зимни як амалиёти зидддитеррористӣ дар Сурия роҳбари гуруҳи террористон худро тарконда куштааст. Новобаста аз ин ҷасади ӯро зуд ва дақиқ муайян намуданд.
Сипас намояндаи расмии Вазорати дифои Русия Игор Конашенков хабар дода буд, ки Русия дар бораи амалиёти нирӯҳои амрикоӣ барои нобудсозии роҳбари ДОИШ дар хоки Сурияро надоранд.
Дар ҳамин ҳол, сомонаи Amaq, ки ба гурӯҳи террористии ДОИШ рабат дорад, аз марги ал-Бағдодӣ хабар дод ва расман тасдиқ кард, ки ӯ зимни амалиёт кушта шудааст.
Комментарии (0)