КДАМ: ҳамлагарон “ДОИШ”-иянд, аз Афғонистон ворид шудаанд

КДАМ: ҳамлагарон “ДОИШ”-иянд, аз Афғонистон ворид шудаанд
Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон мегӯяд, ҳамлаварон ба дидбонгоҳ дар марз бо Узбакистон аъзои “ДОИШ” буда, аз Афғонистон ворид шудаанд

Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ хабар дод, дар пайи пурсиши боздоштшудагон маълум гардид, ки гурӯҳи мусаллаҳи террористӣ, ки шаби 06-уми ноябри соли 2019 ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и “Ишқобод” ҳамла карданд, шаби 3-юми ноябр аз Афғонистон вориди Тоҷикистон шудаанд.

“Гуруҳи мусаллаҳи террористӣ, санаи 3-юми ноябри соли 2019 аз вулусволии Қалъаи Золи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бо супориши махсус, бо истифода аз торикии шаб хати сарҳади давлатиро ғайриқонунӣ убур карда, ба ҳудуди ноҳияи Қубодиён гузаштаанд. Онҳо дидбонгоҳи сарҳадии “Ишқобод”-ро барои худ ҷои муносиб интихоб намуда, ба задухӯрди мусаллаҳона даст заданд”, - омадааст дар иттилоия.

КДАМ таъкид намудааст, ки ҳамлагарон ҳама  узви гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» мебошанд.

Ахиран ВУД хабар дод, ки шаби 6 ноябри соли 2019 соати 03:23 дақиқа гурӯҳи мусалаҳи номаълуми ниқобдор, бо истифода аз силоҳи оташфишон ба дидбонгоҳи сарҳадии №4-и "Ишқобод"-и қисми ҳарбии отряди "Султонобод" ҳуҷум карданд. Зимни ҳамла онҳо 5 яроқи оташфишони (АКМ)-ро тасарруф намуданд. 

Манбаъ афзуд, дар натиҷаи дунболагирӣ ва амалӣ намудани амалиёт 15 нафар аъзои ҷинояткори мусаллаҳ безарар гардонида шуда, 4 автомашинаи онҳо нобуд карда шуд. Боқимонда 4 нафар аъзои гурӯҳ ба ҷониби деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор намуданд, ки дастгир шудаанд.

ВУД таъкид кард, ки зимни амалиёти муташаккилона 1 нафар хизматчии Қушунҳои сарҳадӣ ва 1 нафар корманди мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳалокат расид.

ВУД инчунин акси мошинҳо ва ҷасадҳои сӯхтаро нашр кардаст, ки дар он ҷасади як зан низ ба чашм мерасад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий