Ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" (Акс)

Ҳамла ба дидбонгоҳи марзии "Ишқобод" (Акс)
Бар асари ҳамлаи як "гурӯҳи мусаллаҳи номаълуми ниқобдор" ба дидбонгоҳи марзии шумораи 4-и "Ишқобод"-и қисми ҳарбии отряди сарҳадии "Султонобод", як марзбони тоҷик ва як корманди Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба ҳалокат расиданд. Ин қисми марзбонӣ дар марзи Тоҷикистону Узбекистон воқеъ дар ноҳияи Рӯдакӣ, ҷойгир аст. Ҳанӯз тасдиқи хабар аз манобеи мустақил дастрас нашудааст.
Ба иттилои Маркази матбуоти нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон, дар ин ҳодиса 15 тан аз ҳамлаварон кушта ва панҷ тани дигари онҳо боздошт шудаанд. Манбаъ мегӯяд, ки ҳодиса соатҳои 03:23 дақиқа сурат гирифтааст ва гурӯҳи мусаллаҳи иборат аз 20 нафар бо аслиҳа ба ин дидбонгоҳ ҳамла бурданд.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳам бо пахши як хабарнома мегӯяд, ки ин афрод зимни ҳамла 5 автомати "Калашников"-ро тасарруф намуданд. Ба иттилои ВКД, дар пайи думболагирӣ ва амалиёт, 4 мошини онҳо нобуд карда шудааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон шумораи боздоштшудаҳоро, ки ба деҳаи Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ фирор намуда буданд, 4 нафар гуфтааст.




Мақомот то ҳанӯз дар бораи ҳувияти ин гурӯҳи мусаллаҳ маълумоте ироа накардаанд. Ва низ шахсияти ду корманди ниҳодҳои интизомӣ, ки дар ин ҳодиса кушта шуданд, эълон нашудааст. Мақомот мегӯянд, ки дар ҳоли ҳозир дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи тафтиши фаврӣ таъсис шудааст.
Аз манбаъҳои дигар маълумоти бештар дар бораи ин ҳодиса дар даст нест.
Дар пайи ин ҳодиса, дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атроф тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шудааст. Дар нуқтаҳои аслии пойтахт низомиён бо аслиҳа ба чашм мерасанд. Низомиҳо асосан мошинҳои сиёҳишаро нигоҳ дошта, худравҳоро кофтукоб мекунанд. Дар даромадгоҳҳои Душанбе назорат сахттар шудааст.
Ҳамла дар ҳоле ба амал омадааст, ки Тоҷикистон Рӯзи Қонуни Асосиро ҷашн мегирад ва раисиҷумҳури он Эмомлаӣ Раҳмонов дар сафар ба кишварҳои Аврупост. Ин сафар қарор аст, то 12 ноябр идома кунад.
ОЗОДӢ​​​

Комментарии (0)

Оставить комментарий