Ҳукумати Туркия хоҳарбузурги Абубакр Бағдодиро бо аҳли хонаводааш боздошт кард
Бегоҳи рӯзи душанбе дар музофоти Алеппо қисмати шимолии Сурия, хоҳарбузурги ал- Бағдодӣ, Расмия Авод бо ҷамъи хонаводааш боздошт гардид
Ҳукумати Туркия хоҳарбузурги роҳбари гуруҳи террористии "ДОИШ"- ро боздошт намудаст, хабар медиҳад агентии Ассошиэйтед Пресс.
Бар хабари манбаъ, хоҳари 65 - солаи Бағдодӣ рӯзи душанбе ҳамроҳи ҳамсар, панҷ фарзанд ва келинаш дар музофоти Алеппо, қисмати шимолии Сурия боздошт гардид.
Манбаъ меафзояд, ки "боздошти Расмия Авад ҳамчун "минаи тиллоӣ" барои иктишоф аст. Он чизе ки ӯ дар бораи гурӯҳи ДОИШ медонад, метавонад фаҳмиши моро дар бораи онҳо густариш диҳад ва бо кӯмаки вай шумораи зиёди бадкирдорҳоро боздошт намоем".
Зикр мегардад, ки ҳамроҳи хоҳарбузури Абубакр Бағдодӣ ҳамчунин ҳамсараш, панҷ фарзанд ва келинии ӯ боздошт гардид.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 27 - уми октябр, раисҷумҳури Амрико Доналд Трамп аз маҳв шудани роҳбари ДОИШ Абудакр Бағдодӣ хабар дод.
Ба иттилои Трамп, Бағдодӣ аснои амалиёти ҳавоӣ - заминиӣ низомиёни амрикоӣ кушта шуд. Хабари фавти Бағдодиро саркардаҳои ин гурӯҳи террористӣ низ тасдиқ намуданд.
Комментарии (0)