Тағйироти кадрӣ: дар Суғд муовини нави раиси вилоят таъин гардид
Муовини якуми раиси вилояти Хатлон аз вазифа барканор шуда ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид
Зиёзода Сулаймон Ризоӣ ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид, иттилоъ додааст дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд.
Бино бар иттилои манбаъ, тибқи моддаи 20-уми Қонуни конститутсионии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” барои аз вазифаи муовини якуми раиси вилояти Хатлон озод ва ба вазифаи муовини раиси вилояти Суғд таъин гардидани Зиёзода Сулаймон Ризоӣ розигӣ дода шуд.
Ёдрас мешавем, ахиран Хоҷазода Ориф Ашӯрӣ аз вазифаи муовини Раиси вилояти Суғд озод шуда, тибқи Фармони эмомалӣ раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба вазифаи Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон таъин гардид.
Комментарии (0)