Сарҳад қавитар мешавад: дидбонгоҳи ҷадид бо харҷи 900 ҳазор доллар сохта шуд

Сарҳад қавитар мешавад: дидбонгоҳи ҷадид бо харҷи 900 ҳазор доллар сохта шуд
Дар марзи Тоҷикистону Афғонистон дидбонгоҳи ҷадид бо харҷи 900 ҳазор доллар сохта ба истифода дода шуд

Ба иттилои котиботи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, имрӯз маросими ба истифода додани дидбонгоҳи нави марзӣ Оқултон баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи дидбонгоҳи мазкур муовини қумандони Қушунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Абдусаттор Шоҳиён ва кордори муваққатии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Ҷон Гинкел ширкат варзиданд.

"Лоиҳаи сохтмон ба маблағи 900 ҳазор доллар аз тарафи Дафтари ҳамкориҳои ҳарбии Сафорати Амрико дар Тоҷикистон таъмин ва амалӣ карда шуд. Иншооти мазкур иқтидори Қушунҳои сарҳадиро дар назорати доимии марзи муштарак бо Афғонистон дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон таъмин мекунад", - гуфта мешавад дар хабари манбаъ.

Зимнан, бо кумаки сафорати Амрико сохтмон ва таъмири 9 дидбонгоҳи сарҳадӣ ва 2 отряд дар марзи Точикистону Афғонистон анҷом дода шуд.

Сафорати Амрико мақсад аз таъмир ва бунёди додбонгоҳҳоро ба таҳкими амнияти сарҳади Тоҷикистон арзёбӣ намуд.

Қобили зикр аст, ки ҳукумати Амрико сар аз  соли 2005 инҷониб барои тақвияти марзи Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 100 миллион доллар кумак пешниҳод кардааст.

Комментарии (0)

Оставить комментарий