Сомонаи дастгоҳи Президенти Гурҷистон зери ҳамлаҳои хакерӣ қарор гирифт
Дирӯз дар Гурҷистон зиёда аз 2 ҳазор сомона зери ҳамлаҳои киберӣ қарор гирифтанд. Ҷабрдидагони ҳамлаҳои хакерӣ асосан сомонаҳои идораҳои давлатӣ, судҳо, ташкилоти ғайридавлатӣ, ширкатҳо ва воситаҳои ахбори омма буда, мушкилоти кор бо сомонаҳои Телевизиони ҷамъиятии Гурҷистон, якчанд ширкатҳои дигари телевизионӣ ва порталҳои иттилоотӣ сар задааст.
Тавре АИБ «Казинформ», иттилоъ медаҳад, дар ин бора агентии «Новости-Гурҷистон» хабар додааст.
Инчунин сомонаи иттилоотии дастгоҳи Президенти Гурҷистон www.president.gov.ge мавриди ҳамлаҳои киберӣ қарор гирифтааст. Ҳангоми кушодани сомона дар он расми Михаил Саакашвили бо навиштаҷоти «Ман бармегардам» (I’ll be back) пайдо шудааст. Айни замон сомона кушода намешавад.
Президенти сеюми Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ соли 2013 баъди ба анҷом расидани муҳлати дуюми роҳбарияш мамлакатро тарк кард. Солҳои охири президентии Саакашвилӣ замоне буд, ки дар интихоботи парлумонӣ мухолифин – эътилофи «Орзуи гурҷӣ»-и ташкилнамудаи миллиардер Бидзин Иванишвили ғалаба ба даст овард. То ҳол ҳизби ташкилнамудаи Саакашвилӣ-«Ҳаракати ягонаи миллӣ» бузургтарин ҳизби мухолиф дар Гурҷистон ба ҳисоб меравад. Саакашвилӣ, ки дар Украина фаъолона ба сиёсат машғул аст, аксар вақт мегӯяд, ки бо вуҷуди дар он ҷо барои суиистифода аз ваколатҳояш ғоибона маҳкум шудан ба ватан бармегардад.

Комментарии (0)