"Милисаҳо ҳеҷ гуноҳ накардаанд". Қатъи парвандаи шиканҷаи Шаҳбоз
Додситонии вилояти Хатлон парвандаи ҷиноии ду афсари милисаро, ки ба шиканҷаи як ҷавон муттаҳам мешуданд, қатъ кардааст.
Додситонӣ гуфтааст, азбаски дар ҷараёни тафтиши парванда иттиҳомот ба зидди Саёдҷон Қодиров ва Муҳаммад Ҳайдаров, муфаттишони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ёвон исбот нашуд, додситонӣ ба ин натиҷа расид, ки ҳарду нафар гуноҳе накардаанд ва набояд ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шаванд.
Як мақом дар Додситонии вилояти Хатлон рӯзи 14-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “зӯроварии милисаҳо ба сокини Ёвон Шаҳбоз Аҳмадов тасдиқи худро наёфт, барои ҳамин парванда қатъ ва ҳарду корманди милиса аз ҷавобгарӣ озод карда шуданд.”
Ба гуфтаи мусоҳиби Радиои Озодӣ, бар асоси қарори Фаридун Мирализода, ки муфаттиши парвандаҳои махсусан муҳим аст, афсарони милиса акнун ҳақ доранд, озодона ҳаракат кунанд. Онҳо иҷоза надоштанд, ки то замони таҳқиқ аз қаламрави ноҳияи Ёвон берун раванд.
Мусоҳиби Радиои Озодӣ афзуд: “Забонхати кормандони милиса, ки то анҷоми таҳқиқот аз ҳудуди ноҳияи Ёвон берун нахоҳанд рафт, беэътибор карда шуд ва аз ин қарор онҳоро огаҳ кардаанд.”
Шиканҷаи гуруҳии Шаҳбоз собит нашуд?
Додситонӣ лейтенантҳои калони Шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Ёвонро ба “шиканҷаи гурӯҳӣ” ва берун рафтан аз салоҳиятҳои хидматӣ муттаҳам мекард.
Муфаттишон мегуфтанд, Саёдҷон Қодиров ва Муҳаммад Толибов тобистони соли гузашта Шаҳбоз Аҳмадови 26-соларо, ки бо иттиҳоми корд задани як фарди дигар дастгир шуд, бераҳмона азобу шиканҷа додаанд, то гуноҳи нокардаро эътироф кунад.
Шаҳбоз Аҳмадов, ки баъди чаҳор рӯзи боздошт ва дастгир шудани гумонбари аслӣ ба ҷиноят озод шуд, ба Радиои Озодӣ нақл кард, муфаттишон бо ӯ бисёр бадрафторӣ карданд ва аз усулҳое ба кор бурданд, ки ҳатто нисбат ба ҷинояткори ашаддии воқеӣ ба кор намебаранд.
«Вақте гуноҳи гуфтаашонро ба гардан нагирифтам, маро дар бехи девор шинонданд. Яке аз кормандони пулис пояшро дар байни ду пойи ман гузошт ва ба ҳамкораш гуфт, ки инро "Мерседес" мекунем. Мисли "педал"-и "Мерседес" узви таносули маро бо пойҳояш пахш кард. Вақте иқрор нашудам, аз қафо, аз миён ва аз поён бо сӯзан заданд» - нақл кард, Шаҳбоз Аҳмадов.
Шуъбаи умури дохилии Ёвон ин иддаоҳоро рад кард, ҳарчанд Додситонии кулл амр дод, ки рафтори афсарон бо Шаҳбоз Аҳмадов таҳқиқ карда шавад.
Хешовандони Шаҳбоз Аҳмадов ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба хулосаи тафтишоти Додситонии вилояти Хатлон розӣ нестанд ва онро яктарафа мешуморанд.
Бовар надоштем, тафтишот якҷониба шавад
Неъматулло Аҳмадов, бародари Шаҳбоз рӯзи 14-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, аз қарори додистонии вилоят шикоят мебаранд. Вай гуфт, тамоми далелҳои собит дар бораи бадрафторӣ ва шиканҷаи бародарашро дар даст доранд ва метавонанд, онҳоро бо аксу навор собит кунанд.
“Бародари ман бегуноҳ буд, бегуноҳияш собит шуд, гунаҳкори аслиро пайдо карданд. Чаро чаҳор рӯз ӯро латту кӯб карданд, хоҳару модару занашро дашном доданду таҳқир карданд. Ман ҳеҷ интизор надоштам, ки Фаридун Мирализода якҷониба тафтишотро пеш мебарад. Ҳатман шикоят мебарем” – гуфт, ӯ.
Дар Эътилофи зидди шиканҷа, гуруҳе аз созмонҳои ҳомии ҳуқуқи Тоҷикистон, ки ба Шаҳбоз Аҳмадов кумаки ҳуқуқӣ мерасонанд, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, онҳо низ бо ирсоли номае аз Додситонии кулли Тоҷикистон тақозо кардаанд, парвандаро дигарбора баррасӣ кунад.
Наҷиба Ширинбекова, яке аз аъзои эътилоф ба Радиои Озодӣ гуфт, умедвор аст, баъди омӯзиши парванда Додситонии кулл онро барои баррасии дубора бармегардонад.
Парвандаи амалкардҳои Муҳаммад Толибзода ва Сайёд Қодиров бар асоси моддаи 143-уми Кодекси ҷиноӣ, яъне “шиканҷаи гуруҳӣ” тақрибан ним сол мавриди баррасӣ қарор дошт.
Масъалаи доғ: Шиканҷа барои эътирофи гуноҳи нокарда
Дар Тоҷикистон барои ин ҷиноят, гунаҳкорро метавонанд, аз 5 то ба 8 соли зиндон маҳкум кунанд ва агар корманди давлат бошад, аз ҳаққи ишғоли мансабҳои муайян то панҷ сол маҳрум мешавад.
Масъалаи истифода аз шиканҷа барои эътирофи иттиҳом дар Тоҷикистон масъалаи доғ боқӣ мемонад. Эътилофи мубориза бо шиканҷа соли гузашта бо нашри гузорише аз ҷумла гуфт, ки танҳо дар 6 моҳи соли 2017 ба созмонҳои ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон 24 нафар муроҷиат кардаанд.
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, моҳи майи соли 2018 гуфт, ки дар соли 2017 ва се моҳи соли 2018 дар робита ба истифода аз шиканҷа ва бадрафторӣ 7 парвандаи ҷиноӣ боз кардаанд. Ҳафт корманди мақомоти интизомиро барои чунин рафтор ба зиндон маҳкум кардаанд.
Комментарии (0)