БО ЛИБОСИ БАҲОРӢ БА ПЕШВОЗАШ ОВАРДАНИ ДУХТАРОН РАИСИ ВИЛОЯТРО НИЗ НОРОҲАТ КАРДААСТ

БО ЛИБОСИ БАҲОРӢ БА ПЕШВОЗАШ ОВАРДАНИ ДУХТАРОН РАИСИ ВИЛОЯТРО НИЗ НОРОҲАТ КАРДААСТ

Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд мегӯяд, дар ҳавои сард бо як куртаи тунуки атлас ба пешвози ӯ баровардани духтарон дар Панҷакент Раҷаббой Аҳмадзодаро ҳам сахт нороҳат кард. Музаффар Юнусов, сухангӯи раиси вилояти Суғд гуфт, Раҷаббой Аҳмадзода ба хотири эҳтироми мардум духтаронро ҷавоб надод, вале баъдан ба раиси Панҷакент ва дигар масъулон барои бо либоси баҳорӣ ба ин чорабинӣ овардани духтарон эроди ҷиддӣ гирифт ва ба тамоми сохторҳои супориш дод, ки минбаъд дар чорабиниҳо аз чунин усул истифода набаранд. Акси Аҳмадзода аз маросими ифтитоҳи як корхона дар Панҷакент, ки раиси вилоят дар тан либоси зимистона, вале духтарони пешвозгиранда куртаи тунуки атлас доштанд, ба мавҷи интиқодҳо дар Интернет рӯбарӯ шудааст.

Дар шарҳи расмии хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, ки нусхааш ба дасти сомонаи "Ахбор” низ расид, гуфта мешавад, ки қазияе, ки рӯзи 9 январ дар Панҷакент рух дод, мояи нороҳатии худи Раҷаббой Аҳмадзода низ шудааст.

"Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд вобаста ба масъалаи мазкур нисбати шахсони масъул муҷозоти интизомӣандешид. Бояд қайд намуд ки ҳангоми баргузории чорабинӣ роҳбари вилоят ба хотири эҳтироми издиҳоми мардум духтаронро ҷавоб надод. Аммо баъдан ба раиси шаҳри Панҷакент ва масъулин барои бо либоси баҳорона овардани духтарон эроди ҷиддӣ гирифт. Ба ҳама сохторҳо супориш дода шуд,ки минбаъд дар чорабиниҳо аз ин усул истифода набаранд,” – омадааст дар вокуниши хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд.

Ин вокуниш ба мавҷи интиқодҳоест, ки як акси раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ҷараёни сафараш ба Панҷакент ба бор овард.
Раиси вилояти Суғд рӯзи 9 январ бо як сафари корӣ аз Панҷакент боздид кард. Зимни ин сафар ӯ дар маросими ифтитоҳи бинои нави бемористони марказии Панҷакент ва як коргоҳи коркарди шир ширкат варзида, ҳамчунин санги асоси сохтмони осорхонаи Саразмро, ки соли оянда 5500-солагиаш таҷлил мешавад, гузошт.

Аз маросими ифтитоҳи коргоҳи коркарди шир, ки соҳибкори маҳаллӣ Аслам Эшназаров бунёд кардааст, дар Интернет аксе нашр шуд, ки дар он раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар тан либоси гарми зимистонӣ дида мешавад, вале духтароне, ки барои пешвози ӯ ба ин чорабинӣ ҷалб шудаанд, дар тан либоси тунуки атласи остинаш кӯтоҳ доранд.

Ин акс дар Интернет ба мавҷи вокунишҳои манфӣ рӯбарӯ шуд. Аз ҷумла блогнависи тоҷик Барот Қодирӣ навишт, : "Агар ҳаво чунин гарм бошад, ки гулдухтарон тани курта истодаанд, пас чаро раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кулоҳаш ва палтояшро накашидааст?


Раҷаббой Аҳмадзода моҳи январи соли 2018 раиси вилояти Суғд таъйин шуд. Ӯ қаблан раиси шаҳри Хуҷанд ва раиси Кумитаи замини Тоҷикистон буд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий