“Имиҷ” ва телефони Қадами Қурбон нав шуд (Навор)
Ширкати JM навори мулоқот ва омодагиҳои Ҷонибек Муродов ва Қадами Қурбонро барои сабти як намоҳанги муштарак нашр кард
Тибқи ин навор овозхонҳо корро аз тағйири “имиҷ”-и Қадами Қурбон оғоз карда, сарулибос, ороиши мӯй ва телефони мобилияшро нав карданд.
Қаблан Қадами Қурбон изҳор дошта буд, ки телефони навъи куҳна дораду аз таваҷҷуҳи корбарони интернет ба ҳунарнамоиҳояш хабар надорад.
Дар пайи ин суҳбати Қадами Қурбон, ки ҳамчунин гуфт тавони сабти намоҳангро надорад, Ҷонибек Муродов, овозхони дигари тоҷик бо ӯ пешниҳоди ҳамкорӣ кард. Ҷонибек Муродов гуфт, Қадами Қурбон пешниҳоди ҳамкорӣ ва таҳияи клипро қабул кардааст ва то Наврӯз намоҳанг пешниҳоди омма мегардад.
Қадами Қурбон дар навори нашршуда бо изҳори миннатдорӣ афзуд, ки сараш ба осмон расидааст ва кӯшиш мекунад дар ҳамкорӣ бо Ҷонибек Муродов сурудҳои тозаю дилчаспро пешниҳод кунад.
“Мо бе мухлисон ҳечем. Ҳама вақт сарбаланд, хонаатон обод, ранги мо гирди ҳам бошед. Ба маъракаҳо даъват кунед ва мо дар хизматем”, - изҳор дошт Қадами Қурбон.
Пештар Ҷонибек Муродов изҳор дошта буд, ки мусоҳибаи ахири Қадами Қурбон ба вай писанд омад.
"Вақте ба ӯ савол доданд, ки барои чӣ шумо клип сабт намекунед, ӯ гуфт, ки шароити клип сабт карданро надорад. Барои ҳамин ман аз номи худам ва аз номи ширкати JM мехоҳам ба Қадами Қурбон як клип ҳадя кунам", - изҳор дошта буд Муродов.
Қадами Қурбон бо овозхонӣ дар маъракаҳои мардум маъруф шуда, наворҳои ҳунарнамоияш дар интернет аз сертамошобинҳо мебошанд.
Комментарии (0)