Афви 400 маҳбус: садҳо нафар барои истиқболи наздиконаш назди зиндони шаҳри Хуҷанд омаданд

Афви 400 маҳбус: садҳо нафар барои истиқболи наздиконаш назди зиндони шаҳри Хуҷанд омаданд
Интизор меравад, имрӯз наздики 400 маҳбус аз муассисаи ислоҳии 3/5 воқеъ дар шаҳри Хуҷанд ба озодӣ бароянд

Имрӯз бар асоси Қони авф 2019, гуруҳи маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳӣ ва маҳкамаҳои тафтишотӣ озод карда мешаванд.

Дари муассисаи ислоҳии 3/5 - и шаҳри Хуҷанд ба рӯи 400 маҳбус боз хоҳад шуд. Дар дари ин муассиса феълан садҳо нафар аз наздикону пайвандони маҳбусин ҷамъ омаданд ва интизори дидори онҳо ҳастанд.

Тафсилоти бештар вобаста ба раҳо шудани 400 маҳбусро дар соатҳои наздик муфассал нашр хоҳем кард.

Маврид ба зикр аст, ки рӯзи якшанбе дари маҳбасхонаи Ёвон низ барои 50 дарсади зиндониён кушода шуд.

Зимнан аз маҳбаси занонаи шаҳри Норак низ 165 нафар ба озодӣ баромаданд.

Бояд гуфт, ки дар маҷмуъ дар доираи қонуни афв 7 ҳазор аз маҳбас озод мегарданд, 4500 нафари дигар аз ҷазоҳое, ки марбут ба ҳабс нестанд, озод мешаванд. Инчунин зиёда аз 2 ҳазор нафаре, ки парвандаашон дар ҳоли таҳқиқ аст, афв мегарданду муҳлати ҳабси маҳкумшудаҳои дигар кам мешавад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий