Вазири мудофиаи Қазоқистон Нурлан Ермекбаев бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад

Вазири мудофиаи Қазоқистон Нурлан Ермекбаев бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад
27 октябр Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, генерал-майор Нурлан Ермекбаев бо ҳайати ҳамроҳонаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард.

Тавре сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Нозимиён   иттилоъ дод, дар доираи  сафар мулоқоти Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Шералӣ Мирзо  бо Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон, генерал-майор Нурлан Ермекбаев доир гардид.

Зимни мулоқот ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ-техникӣ миёни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон дар заминаи баргузории машқҳои муштараки ҳарбӣ, табодули иттилооту таҷрибаомӯзӣ ва омода намудани кадрҳо дар  донишкадаҳои олии ҳарбии ҳарду давлат матраҳ гардиданд.

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон Нурлан Ермекбаев зимни сафар ҳамчунин аз боғҳои фарҳангӣ ва фароғатии ҳудуди шаҳри Душанбе ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуд. Дар доираи сафар барномаи консертии «Шоми дӯстӣ» бо иштироки ҳунармандони ду давлат  баргузор гардид.

Ёдовар мешавем, ки сафари Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Қазоқистон пагоҳ хотима меёбад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий