Раҳимзода бо сафири навтаъини Покистон масоили мубориза бо терроризмро баррасӣ намуд

Раҳимзода бо сафири навтаъини Покистон масоили мубориза бо терроризмро баррасӣ намуд
Вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода бо сафири тозатаъини Ҷумҳурии Покистон дар Тоҷикистон, масъалаи муборизаи муштарак бурдан бо гурӯҳҳои террористиро баррасӣ намуд

Имрӯз Рамазон Раҳимзода вазири умури дохилии Тоҷикистон, сафири навтаъйини Покистон дар тоҷикистон Имрон Ҳайдарро ба ҳузур пазируфт ва бо ӯ мулоқот анҷом дод.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, дар мулоқот Рамазон Раҳимзода нахуст Имрон Ҳайдарро барои таъин шудани ба ин мақом табрик намуд.

Зимнан ҷонибҳо доир ба таҳкими ҳамкорӣ дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташшакил, табодули таҷриба ва инчунин ҳамбастагии мақомоти умури дохилии ҳар ду давлат барои пешгирӣ ва бартараф намуадни ҷиноятҳое, ки аз ҷониби гурӯҳҳои террористӣ содир мешаванд, ибрози назар намуданд.

Манбаъ меафзояд, ки дар фарҷом табодули тақдими тӯҳфаҳои хотиравӣ сурат гирифт.

Комментарии (0)

Оставить комментарий