Тоҷикистон: Қасру мошини гаронтарин ҳаст, вале миллионер нест? ВИДЕО

Тоҷикистон: Қасру мошини гаронтарин ҳаст, вале миллионер нест? ВИДЕО

Дар Тоҷикистон мошинҳои гаронтарин, хонаву кӯшкҳои боҳашамат ва маъракаҳои пурхарҷу бодабдабаро мебинед, аммо касе расман ба ҳайси миллионеру миллиардер сабт нашудааст. То соли 2008 барои муаррифии сарватмандони тоҷик баъзе талошҳо анҷом мешуд ва бо гузашти замон ин бахш ҳам ба асрор табдил ёфт.

Яке аз ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ дар Душанбе тахмин зад, ки чаро сарватмандони тоҷик намехоҳанд худро ошкор кунанд ё парда аз рӯи тиҷорату дороиҳои худ бардоранд. “Мумкин сарваташон аз роҳи ғайр ҷамъоварӣ шудааст. Агар ошкор шавад, суол ба миён меояд, ки ин қадар сарватро аз куҷо ёфтаанд?” – гуфт ӯ рӯзи 12-уми январ.

Мусоҳиби дигари мо афзуд, “шояд аз он метарсанд, ки дар симои худашон рақибу душмани зиёд пайдо накунанд. Ин пинҳонкориҳо ба хотири ҳифзи худашон аст ва ман ҳам фикр мекунам, ки ҷоиз аст.”

Назари дигаронро дар навори видео бубинед ва дар зер нависед, ки аз нигоҳи Шумо дороёни тоҷик киҳо ҳастанд ва чаро мо расман миллионеру миллиардер надорем?

[media=https://flashvideo.rferl.org/Videoroot/Pangeavideo/2019/01/7/78/7816a8ee-9c28-4125-b7d3-c16742acbcc1_manifest.mpd]

Комментарии (0)

Оставить комментарий