Донишҷӯ баъди огоҳӣ аз бемории саратон худро ба дор овехт
Раҷабгул пас аз фаҳмидан, ки ба бемории саратон гирфтон шудааст, худро ба дор овехтааст
Дар ҷануби Тоҷикистон, дар вилояти Хатлон донишҷӯе пас аз огоҳӣ аз бемории саратон худро ба дор овехтааст. Дар ин бора расонаҳои маҳаллии Тоҷикистон хабар медиҳанд.
Бино бар иттилои манобеъ, Раҷабгул Асоева донишҷӯи курси дуввуми Донишгоҳи давлатии Бохтар 10 январ, шабона, тақрибан соатҳои 2 худро ба дор кашидааст.
Гуфта мешавад, ӯ чанд моҳи ахир аз бемории саратон азият мекашид, аммо худ хабар надошт, ки ба саратон гирифтор шудааст.
Баъди огоҳӣ духтар ба бемори равонӣ дучор мешавад.
Мақомоти қудратии Тоҷикистон ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.
Комментарии (0)