Эълони шаҳрдорӣ: дар бархе кӯчаҳо мусофирбарҳои хурд манъ ва автобусҳо зиёд мешаванд
Шаҳрдории Душанбе мегӯяд, барои ҷилавгирӣ аз танбашавии нақлиёт дар бархе аз хатсайрҳои пойтахт ҳаракати мусофирбарҳои хурдро манъ ва шумораи автобусҳоро зиёд мекунад.
Тибқи эълони шаҳрдорӣ, ки дар сомонаи расмияш нашр шудааст, аз 16 январи соли равон ҳаракати микроавтобусҳои хатсайри №33 дар кӯчаи Неъмат Қарабоев манъ мегардад. Мусофирбарҳои рақами 33 дар хатсайри маҳаллаи Фучик -Терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ ҳаракат мекунанд.
Манбаъ афзуд, ки барои беҳтар кардани мусофирбарӣ шумораи автобусҳои рақамҳои 2, 18 ва троллейбусҳои 4, 12-ро зиёд мекунанд. Шаҳрдорӣ таъкид кард, ки фосилаи ҳаракати нақлиёт дар ин хатсайрҳо кам мешавад.
Автобусҳои №2 дар масири терминали мусофирбарии Шарқ-транс - терминали мусофирбарии дарвозаи ҷанубӣ, автобусҳои №18 дар хатсайри кӯчаи Гагарин - маҳаллаи Пахтакор, троллейбусҳои №4 дар маҳаллаи Гулбутта – Фурудгоҳ ва №12 дар хатсайри Маркази савдои Тоҷикистон – маҳаллаи Гулбутта ҳаракат мекунанд.
Комментарии (0)