Шавҳари Файзинисо Воҳидова: Дар марги ҳамсари ман дойира нанавозед!
Дар алоқамандӣ бо марги адвокати шинохтаи тоҷик Файзинисо Воҳидова, ки бо изҳори назару мавқеъгириҳоиҳуқуқии хеш дар сатҳи ҷомеаи кишвар шинохта шуда буд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ, саҳифаю сайтҳои ҷонибдори ТЭТ ҲНИ ахбори мухталифе интишор ёфтанд. Онҳо боиси пайдо шудани суолҳои зиёд дар зеҳни хонандагон гардиданд. Хабарнигори мо ба хотири равшанӣ андохтан ба ин масъала, бевосита бо Ғайратҷон Воҳидов - шавҳари адвокати марҳум Файзиниссо Воҳидова, суҳбате доир намуд, ки муҳтавои он ба хонандагон манзур мегардад.
- Бо арзи салому изҳори эҳтиромқаблан ба Шумо дар иртибот ба даргузаштиҳамсаратон таслият мегӯям ва ба Шумо ва аҳли хонаводаатон сабри ҷамил орзумандам.
-Ташаккур.
- Баъдан узр мехоҳем, ки дар ин рӯзҳои барои Шумо андӯҳбор аз мусибати сангини ба сари хонаводаатон омада ёдрас мегардем. Баъзе аъзои ТТЭҲНИ ва гурӯҳи ба ном “паймони зиддимиллӣ”, бо сӯиистифода аз хабари реҳлатиҳамсари Шумо, дар фазои иттилотӣ ҳангома бардошта, мехоҳанд марҳумроҳамчун як нафарҳамфикруҳамсангари худ нишон диҳанд. Хоҳишмандам, мегуфтед, ки инқазия то кадомҳад воқеият дорад?
- Дуруст аст, дар давоми чанд рӯзи охир бо вуҷуди гирифторӣдарғамуғуссаи худ, ба фарзандонам расонидаанд, ки дар “Ахбор.ком” ном сомонае дар бораи мусибати мо матлабе ба нашр расидааст. Дарвоқеъ,ҳамсари марҳуми ман як зани озодандешуҳақиқатталош буд.Ӯдоир ба баъзе масъалаҳоиҷузъӣва усулу услубҳои пешбурди кори ниҳодҳо ва хидматчиёнидавлатӣгоҳе интиқодмекард, дидгоҳи худро дошт ва онро ба хотири ислоҳи вазъ ошкоро баён менамуд. Аммо манҳаргиз дар тӯли зиндагии якҷояамон,ҳатто дар муҳити хусусӣ ҳам мушоҳида накарда будам, киҳамсарам нисбати сохтор ва шакли давлатдорӣ, яъне дунявӣва демократӣбуданиҷомеаи мо ихтилофи назар дошта бошад.Ҳаргиз нашунида будам, киӯба тарафдорӣаз сохтори давлатдории диниву теократӣ ҳарфе гӯяд. Баръакс, доимо аз суханҳоиӯва гузашта аз ин, аз рафтори амалииӯбараъло маълум буд, ки марҳумҳамешаҷонибдори сохтори давлатдории дунявӣва демократӣбуд.
Мавқеъгирии интиқодииҳамсари марҳуми ман нисбат ба ниҳодҳои давлатӣаз мавқеъгирии ифротгароёнаиҲНИ, ки аз бунёд бо сохтори давлатдории милливу дунявии мо муқобил буда, тарафдори таъсиси давлати диние чун давлатҳои исломии минтақа дар Тоҷикистонанд, куллан тафовут дошт. Набояд гумон кард, киҳар шахси дилсӯзуғамхори миллат, ки гоҳе ба хотири ислоҳи нуқсонҳоиҷузъииҷойдоштаиҷомеаи мо сару садо баланд мекунад, мухолифи давлати демократии мост ва гузашта аз ин боҳизби беобрӯе чунҲНИҳамсӯвуҳамқадам аст.
Худқазоват кунед, ки кадом рафтор ва кирдориҳамсари марҳуми ман бо бунёдгароиидиниву мазҳабӣва аъмоли мутаассибонаву дунявиситезонаи наҳзатиҳо умумият дорад? – Ҳеҷкадом.Ӯзане буд табиатан озода ва озодманиш. Боҳеҷбанду басте ва маҳдудияте сари созиш надошт. Чӣрасад ба таассубгароиву мазҳабгароӣ. Мантиқи зиндагии озодманишонаиҳамсари ман ва умуман,ҳаёти хонаводагии мо худ далели рӯшануғайриқобили инкори ин масъала аст.Ӯлибоси аврупоӣмепӯшид. Дар маърифатнокӣ, илмомӯзӣ, савод, азҳама муҳим, фарҳанги андеша, гуфтор ва рафтор боҲНИ-чиҳои ДОИШмаоб аслан дар муқоиса набуд. Дар инҳолат,ӯчӣгуна метавонист аз террористҳо пуштибонӣкунад?
- Баъзе аз наҳзатиҳо далел оварданӣмешаванд, ки пайваста бо марҳум алоқаи телефонӣдоштаанд, шодравон аз хатти сиёсии наҳзатиҳои ифротӣгӯёҳимоят мекардааст ва ба онҳо тавсияҳоиҳуқуқӣмедодааст…
- Ман дарҳайратам, ки бо вуҷуди инҳама тафовутҳо дар муносибат, баъзе аъзои созмони террористии ба истилоҳмухолифини гурезаи хиёнаткор тарзе мавқеъгирӣмекунанд, ки гӯёҳамсари ман бо онҳоҳамақидавуҳамсӯбуд.Бадбахтӣон аст, ки бо ин гуна кирдор онҳо аҳли оилаи мо, фарзандони моро бадном карданӣмешаванд. Аллакай дарк кардам, ки онҳо бо баҳонаи изҳориҳамдардӣба хонаводаи мо, аслан пайи бардоштани баҳраи сиёсӣбарои аъмоли ватанфурӯшонаи худашонмашғуланд. Аз мусибати хонаводагии мо ба нафъи худҳангома сохтан мехоҳанд. Зоҳиран чунин ба назар мерасад, ки ашхосе чун Юнуси Истаравшанӣ,А. Бобоев ва И. Ёқубоваз маргиҳамсари ман на фақатғамгин нестанд, балки инқазияро хурсандона,ҳамчун фурсати муносибе, ки интизораш буданд, барои сиёҳкардани давлатдории тоҷиконистифода бурдан мехоҳанд. Дар вобастагӣбо маргиҳамсарам онҳо парвое надоранд, дарди фироқва сӯзи хонаводагии мо барои онҳо аҳамияте надорад. Муҳим барояшонҳангомасозӣмебошад, барои худашон ва содалавҳоне, ки мутаассифона дарҷомеа кам нестанд.
- Шумо дар бораи чунин ашхосе, киҳатторӯзи мусибати дигаронрониз ба нафъи худ истифода бурдан мехоҳанд, чӣандеша доред ва ба онҳо чӣгуфтан мехоҳед?
- Фикр мекунам, ки онҳо тӯдае манфиатҷӯва фурсатталабҳастанд, азҳама чӣваҳама лаҳза ба нафъи худ фоида бурдан мехоҳанд. Инқабил ашхос бо вуҷуди иддаоҳоиҳамешагиашон дар бораи арзишҳои динӣнаметавонанд ба ягон арзиши муқаддасе сидқан эътиқодманд бошанд. Онҳо фақат дар пайи манфиатҷӯӣваҷоҳуҷалоли хешанд. Бубинед,ҳатто аз маргиҳамсари ман ва мусибати хонаводагии мо ба нафъи худ истифода карданианд. Ба ин хотирҳатто омодаанд, ки як марги табииро марги иҷборӣдар назари атрофиён таҷассум намуда, аз мусибатсаҳнаисиёсӣ созанд. Куҷост адолату инсоф?Оё инсониҳақиқатан боимон метавонад чунин коре анҷом диҳад? Не! Имону инсофи онҳо танҳо дар забонашонҳаст. Онҳо умре бо фурӯши имону виҷдон, ватану миллат рӯз гузаронидаанд ва ин амалиғайриинсониашонро идома медиҳанд. Ин фурсатталабонҳатто дар он дунёҳамсари маро ором гузоштанӣнестанд. Шарм надошта мегӯянду менависанд, ки:«Бону аз саломатӣ шикоят надоштанд». Онҳо дарду ранҷиҳамсарам, бедорхобиҳо, шабзиндадориҳои бандаро надидаанд,ҳайронам, ки чаро чунин менависанду, ноҷавонмардона дурӯғмебофанд, ки боҳамсарам гуфтугӯи телефонӣанҷом медодаанд.Ҳайф бар шумо эй номусулмонон, ки нисбати як майит, ки дигар ба шумо посух дода наметавонад, чунинҳарфҳо мегӯеду дарҷомеа бадномаш месозед. Дар куҷост мусулмонии шумо? Агар нисбати занони шумоҳамчунинҳарфҳоро раво бинанд, худро чӣнавҳис мекунед?
То кай аз мусибати мардум манфиат меҷӯед? Азҷанозаи мардумбарои худ василаи худнамоӣмесозед? Чунонки тоқабулиқонуни танзим дар сариҷанозаҳо барои пораиматоъ вақолине омода будед, ки гиребониякдигарро гирифта рӯйиҳамро ханҷол кашед, имрӯз бо шеваи дигар, бо пеш овардани мурдаи касон мехоҳед киса пур кунед.
- Маъзарати зиёд, ки бо тақозои муқаррароти касбӣмаҷбурам аз Шумо саволеро бипурсам, ки бешак боиси ёдовар шудани рӯзҳои охириниҳаётиҳамсаратон ва тоза шудани оташиғаму андӯҳдар дили Шумо мегардад. Оё ин иддао воқеият дорад?
- Бидуни шубҳаин иғвобарангезӣбо мақсадигумроҳкардани мардум,ҳадафмандона анҷом дода мешавад. Наҳзатиҳо бори аввал нест, ки дарғами мардум ин гуна хурсандӣваҳангомаҷӯию шодмонӣмекунанд. Ману фарзандонамҳам барояшонҷузъе азҳамин мардумем.
Асли воқеаи беморӣва маргиҳамсари манчунин аст: Марҳум бемории куҳнашудаи “Гепатит Б” дошт.Солҳо инбеморӣӯроазобмедод.Моҳи декабр беморииҳамсарам авҷ гирифт, тоҳадде, кибоиси хунравии дарунӣ гардид. Мо дар таърихи 20-уми декабрӯро ба беморхонаи хусусии назди беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд бурдем вадар он ҷо ба муҳлати чор рӯзбистарӣбуд. Хунравиишадиди сурхрӯдаӯро бисёр азият медод. Илова баин, таъсири шамолкашиишуш низ вазъашро бадтар кард.25-уми декабр бинобар вазнин шудани аҳволи саломатиаш, ба шуъбаи эҳёи беморхонаи марказии шаҳри Хуҷанд интиқол дода шуд ва дар онҷо то 03-юми январи солиҷорӣтабобат гирифт. Баъди андаке беҳтар шудани вазъи саломатиашманӯро ба беморхонаи Бобоҷон Ғафуров овардам. Мутаассифона, дар инҷо нисфи шаб боз бемориаш аз нав авҷгирифт ва табибон бо тамомиҷаҳду кӯшиш натавонистандӯро аз марг наҷот диҳанд.
- Ташаккур, акаи Ғайратҷон, ки дар чунин рӯзҳои талхиҳаёт хоҳиши моро рад накардед ваба суолҳои мо ва хонандагон посух гуфтед.
-Ҳоҷати узрхоҳӣнест. Ман худ низ аз инҳангомасозиҳо, сӯиистифода кардани баъзе ашхос аз реҳлатиҳамсарам сахтнороҳат будам. Худро дар назди рӯҳиӯмасъул медонистам, киҳақиқатро дар бораи охирин рӯзҳоиҳаёташ бигӯям ва нагузорам, ки касе ё гурӯҳе арвоҳи покиҳамсарипокниҳоди маро боҳадафҳовуғаразҳои нопоки худ нороҳат созад.
Ман домангир аз муаллифони мақолаҳо нестам.Инқабил одамон нонгадо буданд, охир ватангадо шуданд. На танҳо дар мурдаиҳамсари ман, балки дарҳар мусибати хурдтарини Тоҷикистон ин ифротиҳо хурсандӣ, рақсу бозӣмекунанд. Ин хелқавм, ин хел тоифа, ин хел бадгавҳарҳо фақат худи инҳо ваҳамин доишиҳоҳастанд. Мусибати дигарон барои онҳо бозори савдост. Сину соли манҳам баҷое расидааст. Онҳо ҳам зану фарзанд доранд. Андеша кунанд. Худо болои сари мост. Бад кардӣ, бадгӯӣкардӣ, туҳмат раво дидӣ, худат онро мебинӣ.
Ҳамсари ман зане буд, ки арзишҳои волое дошт ва волотаринаш ватанпараст буданиӯбуд. Агар бо ин хиёнаткоронҳамроҳмебуд, метавонист озод ба кишварҳои аврупоӣрафта, чун ин бешарафон бо сиёҳкардани зоду буми хешмашғул шавад. Вале дар Ватан буд. Шарафмандона зист, бақадри тавони худ бароиҳамватанону барои Ватани худ хидмат кард.ӮТоҷикистонро садоқатмандона дӯст медошт.
- Ташаккур,акои Ғайратҷон, орзумандем, ки равониҳамсаратон шод ва хонаи охираташон обод бошад.
Мусоҳиб Найима Салимхоҷаева, шаҳри Хуҷанд
http://faraj.tj/khabari-ruz123/item/2951-shav-ari-fajziniso-vo-idova-dar-margi-amsari-man-dojira-nanavozed.html

Комментарии (0)