Гирифтани шаҳрвандии Русия осон мешавад: як шарти асосиашро барҳам медиҳанд

Гирифтани шаҳрвандии Русия осон мешавад: як шарти асосиашро барҳам медиҳанд
Вазорати рушди иқтисоди Федератсияи Русия тасмим пеш гирифтааст, ки ҷараёни гирифтани шаҳрвандии Русия осонтар карда шавад

Вазорати рушди иқтисоди Русия ҳуҷҷатҳои замимашавандаро ба лоиҳаи буҷаи федеролӣ барои солҳои 2020-2022 омода намудааст.

Мувофиқи ҳуҷватҳои омода шуда дар Русия қоидаи гирифтани шаҳрванди барои хоҳишмандон метавонад осонтар карда шавад.

Яке аз ин қисматҳои ҳазфшаванда ин нигоҳ доштани шаҳрвандии пешакӣ ҳангоми гирифтани шаҳрвандии Русия мебошад.

Дар Вазорати рушди иқтисоди кишвар вобаста ба ин шарҳ доданд, ки дар сурати амалӣ гардидани лоиҳаи пешниҳодгардида ҷараёни даст кашидан аз шаҳрвандии пешин бекор мегардад.

Ғайр аз ин ниҳоди мазкур мақсад дорад, рафти гирифтани санадҳои иҷозаи иқомати мувақатӣ (РВП) ва иҷозаи иқоматро (ВНЖ) дар ФР барои хатмкардагони донишгоҳҳои Русия ва кишварҳои ИДМ ва Балтия оснтар гардонад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий