Барои ДИИШ – қатли модар амали муқаррарист!

Барои ДИИШ – қатли модар  амали муқаррарист!
Имрўз дар минтақаҳои Осиёи Марказӣ ва инчунин дигар кишварҳои ҳаммарзи онҳо хатари паҳншавии экстремизм ва радикализми динӣ, бо идеяи бунёдгароии динӣ дар шаклҳои гуногун аз он ҷумла сиёсияш таҳдид мекунад. Ин таҳдидҳо дар пасманзари муташанниҷ кардани авзоъ дар кишварҳои Осиёи Наздик ба мисли Сурияву Ироқ аз тарафи ҳаракатҳои тундрави исломӣ ва дар онҳо ширкат варзидани намояндагони мамлакатҳои мухталиф, аз он ҷумла ҷумҳуриҳои пасошўравии Осиёи Миёна, Тоҷикистон, Узбекистон ва Қирғизистон зиёдтар авҷ мегиранд. 

Омўзиши заминаҳои пайдоиш ва  густариши  ин падидаи номатлуб ва роҳҳои пешгирӣ аз он беш аз ҳарвақта барои ҷомеаҳои мо зарур аст. Бояд дар назар дошт, ки экстремизми исломӣ ва ҷараёнҳои гуногуни он дар шакли пайванди фундаментализми динӣ бо терроризм хусусияти идеологӣ-сиёсӣ касб карда, дар фаъолияти онҳо пайдо кардани омилҳои сирф динӣ ғайриимкон аст. Ин як навъи пойбанд ва тобеъ кардани дин ба сиёсат аст.Бинобар ин барои пешгирӣ кардани паҳншавӣ ва рушди экстремизми динӣ ва зуҳуроти аз он падидояндаи хушунат, такфиргароӣ, терроризм, сепаратизм, бегонапарастӣ ва худбезории миллӣ дар шароити Тоҷикистон бояд пеш аз ҳама сарчашмаҳои онро пайдо намуд. Нукоти заъфи суистифода аз эҳсосоти динии шаҳрвандонро омўхт, чун аксарият дар ин амалиёти ҳарбӣ ва қатлу куштори мардуцми бегуноҳ бақо ва тақвияти имондории худро мебинанд. Дар таълимоти гуруҳҳои террористӣ чанд даст ба ваҳшиёнат занад, ҳамон қадар соҳиби эҳтиром хоҳад буд. Навори қатли модари худ аз ҷониби як пайрави ДИИШ инро собит кард. Магар дар он ҷо ягон каси бо имони исломӣ набуд, ки ба ин ҷавони ваҳши бигўяд, ки Паёмбари ислом фармуданд «Биҳишт зери қадамаи модарон аст». Вале ин теъдоди чандҳазорнафараи ба ном мусулмон истода тамошо доранд, ки мусулмон, муҷоҳид дар роҳи дини Худо, адолати исломиро барқарор мекунад. Адолаташ қатли модари худаш будааст.

Бояд қайд кард, ки мафҳуми радикализм ҳамчун истилоҳ дар доираҳои асарҳои илмӣ ва мақолаҳои матбуоти даврӣ ба таври гуногун инъикос меёбад. Барои он ки ин мафҳум дар асоси фаҳмишу ҷаҳонбиниҳои гуногун ба таври гуногун арзёбӣ мегардад, аз он ҷумла, дар зери ин мафҳум таҳаммулнопазирӣ, эътироф накардани ҳақиқат ва қонуниятҳои иҷтимоӣ, таассубгароӣ, падидае, ки аз қонуниятҳо ва нормаҳои иҷтимоӣ ба куллӣ фарқ мекунад, фаҳмида мешавад. Албатта падидаи радикализм ва экстремизм дар ҷомеаи мо падидаи навзуҳур аст ва он дар ҷомеаҳое, зуҳур мекунад, ки ин ҷомеаҳо давраи гузаришро аз сар мегузаронанд.

Ин ду падидаи манфӣ, ки аз лиҳози фаъолияташон ба ҳам хеле наздиканд, барои инсоният ҳамчун хатари воқеӣ арзёбӣ мегарданд, дорои ҳадафҳое мебошанд, ки барои рушди ҷомеаҳо монеаҳо эҷод менамояд. Ҳамин тариқ, радикализм ва экстремизм ҳамчун як қувваи фаъоли ҷамъиятӣ дар баробари вориди майдонҳои сиёсӣ ва динӣ шудан ҳадафҳои худро мегузорад. 

Котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти ҶТ
Марамбеков М.А. 

Комментарии (0)

Оставить комментарий