Тоҷикистон – хатари поёни терроризм
Як гуруҳи байналмилалии коршиносон Тоҷикистонро дар раддаи кишварҳое қарор додааст, ки таъсири хатари терроризм дар онҳо дар ҳадди пойин аст.
Феҳристе, ки ин гуруҳ тартиб додааст, хатари терроризм ба кишварҳои ҷаҳонро дар 7 зина — “хеле баланд”, “баланд”, “миёна”, “поён”, “хеле поён”, “беасар”, “шомил намешавад” – баррасӣ мекунад.
Миёни 26 кишвар ки умуман аз хавфи терроризм эмин ҳастанд, Белорус, Литва, Уммон, Куриёи Шимолӣ ва Туркманистонро дидан мумкин аст.
Дар Қирғизистон (ҷойи 80), Арманистон (83), Гурҷистон (89), Озарбойҷон (98), Латвия (107), Молдова ва Эстония (116), Ӯзбекистон (132), Хорватия (137), дар умум 60 кишвар, хатари терроризм “хеле пойин” гуфта мешавад.
Тоҷикистон дар мақоми 74 ҷой гирифта, дар қатори 26 кишвар, ба шумули Шветсия (ҷойи 51), Канада (57), Ҷопон (67), Италия (69), Қазоқистон (75) аз давлатҳоест, ки хатари терроризм дар ҳадди пойин аст.
Кишварҳое ки хатари терроризм ба онҳо “миёна” арзёбӣ мешавад, 27-тоанд, монанди Русия (34), Бритониё (28), Фаронса (30), Чин (36), Олмон (39), Исроил (41) ва Эрон (44).
Терроризм дар 17 кишвар, аз ҷумла Ҳинд (7), Туркия (12), ИМА (20) ва Украина (21) хавфи “баланд” дорад.
Аммо 6 кишвар — Ироқ, Афғонистон, Нигерия, Сурия, Покистон ва Сомали осебпазиртарин кишварҳо аз терроризм арзёбӣ мешаванд ва таъсири терроризм дар онҳо “хеле баланд” баҳогузорӣ шудааст.
Феҳристро гуруҳи байналмилалии коршиносон таҳти назари Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ (The Institute for Economics and Peace)–и Донишгоҳи Сиднейи Австралия омода кардааст.
Ин нашри шашуми Феҳристи ҷаҳонии терро
ризм (Global Terrorism Index) аз сӯи ин донишгоҳ аст. Гузориш хулосаи ҷомеъ аз равандҳои калидии терроризм дар ҷаҳонро тайи 20 соли гузашта — аз оғози соли 1998 то поёни соли 2017 пӯшиш додааст.
Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва сулҳ, мақарраш Австралия, худро «як маркази таҳлилии ғайритиҷории мустақил муаррифӣ мекунад, ки методологияи хоси худро барои арзёбии равандҳои сулҳомез ва хушунат дар зиндагии давлатҳоро аз нуқтаи назари иқтисодӣ дорад».
Комментарии (0)