Руҳонӣ: бо Амрико ки бо силоҳи фақру таҳрим гуфтугӯ мекунад музокира нахоаҳем кард

Руҳонӣ: бо Амрико ки бо силоҳи фақру таҳрим гуфтугӯ мекунад музокира нахоаҳем кард
Ҳасан Руҳонӣ, раисҷумҳури, аз минбари СММ эълон дошт, ки давлат ва миллати Эрон, ки якуним сол зери шадидтарин таҳримҳо истиқомат дорад, ҳаргиз бо душмане, ки мехоҳад бо силоҳи фақр, таҳрим ва роҳзании байналмилалӣ кишварро ба таслим во дорад, музокира нахоҳад кард

 Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи чаҳоршанбе дар ҳафтодучаҳорумин нишасти солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк гуфт, бар ҳамагон собит шудааст, ки Амрико ба тааҳҳудоти худ пушт мекунаду Аврупо аз иҷрои тааҳҳудоташ нотавон аст.

Вай гуфт, ҳамон тавр, ки Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ эълом кардаанд, танҳо роҳ барои гуфтугӯ, бозгашт ба тааҳҳудот ва лағви таҳримҳост.

Рӯҳонӣ ҳамчунин бо ишора ба ин ки минтақаи ғарби Осиё дар оташи ҷанг, хунрезӣ, таҷовузгарӣ, ишғол‌гарӣ, таассуботи мазҳабиву фирқаӣ ва ифротгароӣ месӯзад ва бузургтарин қурбонии чунин шароите миллати мазлуми Фаластин аст, изҳор дошт: Тарҳҳои таҳмилии амрикоиву саҳюнистие монанди “муомилаи қарн”, таъйини Байтулмуқаддас ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ва илҳоқи баландиҳои Ҷулон ба дигар сарзаминҳои ишғолӣ, қатъан маҳкум ба шикаст аст.

Раисҷумҳури Эрон бо таъкид бар ин ки амнияти Арабистон бо поён додани таҷовуз ба Яман ҳосил мешавад, на бо даъват аз бегонагон, изҳор дошт: Эрон ҳозир аст барои сулҳ аз ҳамаи тавони милливу эътибори минтақаӣ ва иқтидори байналмилалии хеш моя ‌бигузорад.

Рӯҳонӣ ҳифзи амният, сулҳу субот ва пешрафт дар минтақаи халиҷи Форс ва тангаи Ҳурмузро масъулияти торихии Эрон донисту ҳамаи кишварҳоеро, ки аз таҳаввулоти халиҷи Форсу тангаи Ҳурмуз мутаассир мешаванд, ба “Эътилофи Умед” (HOPE),  яъне ибтикори сулҳи Ҳурмуз (Hormoz Peace Endeavor) даъват кард.

Комментарии (0)

Оставить комментарий