Равил Ғайнуддин: муҳоҷират шумори мусалмононро дар Русия зиёд кард
Шайх Равил Ғайнуддин, раиси Шӯрои муфтиёти Русия аз афзоиши шумори мусулмонони дар Русия таъкид кард
Шайх Равил Ғайнуддин, раиси Шӯрои муфтиёти Русия таъкид намудааст, ки муҳоҷирати шаҳрвандони кишварҳои Осиёи марказӣ ба Русия боиси афзоиши теъдоди мусулмонон дар ин кишвар шуда аст, иттилоъ додааст рӯзномаи Известия.
Равил Ғайнуддин таъкид карда аст, ки 15 сол қабл дар дувумин шаҳри бузурги Русия, Санкт- Питербург ҳамагӣ 300 ҳазор мусалмон ба сар мебурд, аммо имрӯзҳо теъдоди мусулмонон дар ин шаҳр наздик ба як миллион нафар расидааст .
Вай гуфт, афзоиши муҳоҷирати шаҳрвандони аз кишварҳои Осиёи марказӣ ба Русия сабаб шуд, ки дар дурдасттарин нуқоти Русия низ ҷамоъатҳои мусулмонон таъсис шаванд.
Ба гуфтаи шайх Равил Ғайнуддин издивоҷи ҷавонони мусулмони кишварҳои Осиёи марказӣ дар Русия муҷиби афзоиши ҷамъияти ин кишвар низ мешавад.
“Фарзандони ин хонаводаҳо дар мактабҳо ва донишгоҳҳои Русия машғули таҳсили илмҳои мухталиф ҳастанд ва дар аксар мавридҳо ба унвони донишомӯзону донишҷӯёни мумтоз муаррифӣ мешаванд”, - қайд кард раиси Шӯрои муфтиёти Русия.
Аз ин рӯ коргарони ҷавони муҳоҷир аз кишварҳои Осиёи марказӣ дар Русия на танҳо машғул ба кор мешаванд, балки заминаи омӯзиши фарзандони худро низ фароҳам месозанд.
Комментарии (0)