"Меню"-и бе "гӯшти кабк"-и тарабхонаҳои Хатлон (ВИДЕО)
"Кабоби гӯшти кабк", "Оши палав бо гӯшти кабк", "Кабкбирён"... ин ғизоҳое, ки то чанд соли пеш зеби дастурхони тарабхонаҳои номии "Престиж", "Бандари кӯҳан", "Эҳсон" ва "Леваканд"-и шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппаи собиқ)-ро зеб медоданд, эҳтимолан ба гӯшаи фаромӯшӣ мераванд.
Дар пайи манъ шудани шикори кабк, ки як паррандаи нодир ва дар ҳоли нобудшавӣ маҳсуб мешавад, ин маҳсулотро ба мурғи анқо табдил медиҳад.
Ҷои ин мурғ дар бархе тарабхонаҳо танҳо гӯшти бедона пешниҳод мешавад, ки махсус дар хоҷагиҳои бедонапарварӣ парвариш мешавад. Мақомот дар ҷануби Тоҷикистон мегӯянд, назорат аз манъи шикори кабк ва фаъолияти шикорчиҳоро шадидтар кардаанд.
Идораи ҷангали вилояти Хатлон мегӯяд, ки солҳои ахир мушоҳида мешавад, ки селаи кабкҳо камтар ба ин қаламрав ворид мешавад ва ин баёнгари кам шудани шумори ин паррандаҳои хушхон мебошад. Дар Хатлон кабк дар доманакӯҳҳои Шаҳритус, Сарсара ва ноҳияи Данғара, Даштиҷум ва ноҳияи Хуросон бештар гашту гузор мекард, вале дар ин маконҳо ҳам шумори ин паранда хеле кам шудааст.
Қуваталӣ Назиров, як масъули Идораи ҳифзи ҷангали вилояти Хатлон дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар як сол барои шикори ғайриқонунии кабк шикорчиҳо дар ҳаҷми 7 ҳазору 210 сомонӣ ҷаримабандӣ шудаанд. Ин миқдор ҷарима барои шикори ғайриқонунии 2325 кабк содир шудааст.
[media=]
"Ба ҳама хоҷагиҳои ҷангал дастур додаем, ки бояд касе кабкро шикор накунад. Пеши роҳи шикори ғайриқонунӣ гирифта мешавад. Баробар бо ин, корҳои биотехникӣ ҳам ба роҳ монда шудааст, дар ҳавои сард барои ин парандаҳо донаи бештар гузошта шудааст, то ин паранда зинда бимонад. Нисбати ҳама паранда, ҳайвонот назорат мешавад, хусусан барои нигоҳдории кабк, ки солҳои ахир кам мушоҳида мешавад."
Маҳмадалӣ Сафаров, марди 73-солаи бознишаста аз ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон яке аз шикорчиҳои собиқадор аст. Ин шикорчӣ иҷозаи расмии шикорро надорад ва сари ҳар чанд вақт камони шикорияшро аз кунҷи хонааш гирифта, тоза мекунад, боз ба ҷояш мегузорад.
"Дар кӯҳҳои ноҳияи Хуросон қариб дигар кабк намондааст, камонам чанд солест, ки дар хона аст ва шикор ҳам накардам, ба ман иҷоза надодаанд, ки шикор кунам. Дар гузаштаҳо дар як рӯз то ду-се кабк мезадам, вале ҳоло камчин шудааст. Ман ҳам зид нестам, бигузор кабк дар кӯҳистон зиёд шавад."
Кабке, ки замоне дар кӯҳистон дошта дар қафаси хонааш ҷой додааст, роҳати ҷони Маҳмадалӣ Сафаров аст. Ҳар субҳ бо садои ин паранда рӯзашро шурӯъ мекунад. Ӯ мегӯяд, "вақтҳои пеш шикор зиёд буд, ҳатто дар ресторанҳо хӯроки кабк омода мешуд, онро танҳо барои одамҳои пулдор омода мекарданд. Ҳоло ин ҳам намондааст".
Саидмурод Файзов, раиси ҷамъияти шикорчиёни ноҳияи Хуросон ҳам мегӯяд, шикори аз ҳад зиёд боиси камшавии кабк дар табиати зинда шудааст. "Дар кӯҳу пушта, ки кабк тухм мегузорад, дар вақти мавсими шираи камол бисёр нобуд мешавад. Шираи камолро ҷаъоварӣ ва тухми кабкро нест мекунанд. Гаштугузори чорво низ ба лонаи кабкҳо зарар мерасонад. Ҳоло шикор ба беш аз 100 шикорчии сокини ноҳия манъ шудааст. Онҳое, ки худсарона шикор мекунанд, муҷозот мешаванд, яъне ҷарима мекунем."
Масъулин мегӯяд, ки ҷаримаи шикори як кабк 100 сомонӣ аст ва ин ҷарима бар асоси парвандаи маъмурӣ рӯёнида мешавад. Дар сурати такрор шудани ин қонуншиканӣ, парвандаи ҷиноӣ боз мешавад.
Бархе тарабхонаҳои шаҳри Бохтар, ки замоне махсус бо таҳияи гӯшти ин парранда машғул буданд, аз феҳристи ғизоҳои пешниҳодӣ дигар исми ин ғизоҳоро пок кардаанд. Ин ҳолат ба даромади тарабхонаҳо таъсир расонидааст, чунки як кабоби ба ҳисоби миёна аз 100 то 130 сомонӣ нарх дошт. Муштариҳои асосии ин гӯшти хушмазза бештар афроди доро, огоҳ ва нозпарвард буданд. Бархе ҳам ба хотири сиҳҳӣ ва ҳам парҳез, онро истеъмол мекарданд.
Комментарии (0)