Қонуни нав дар Русия, ки кори муҳоҷиронро мушкилтар мекунад
Дар Русия тарҳи нави қонун қабул шудааст, ки ҳиссаи ҷоизи муҳоҷиронро дар бхши иқтисодӣ барои соли 2020 муайян мекунад
Дар Русия мехоҳанд дастрасии муҳоҷиронро ба кор дар бахши истиқодӣ кам кунанд, хабар медиҳад Вазорати меҳнати Русия.
Тарҳи ин қонун дар нишасти вижаи ҳукуматӣ қабул шудааст.
Тарҳи ин қонун дар нишасти вижаи ҳукуматӣ қабул шудааст.
"Дар нишасти Комиссияи сеҷонибаи Русия оид ба муҳоҷират тарқи қонуни ҳукумати Федератсияи Русия "Дар бораи ҳиссаи ҷоизи муҳоҷирони корӣ дар соҳаҳои алоҳидаи иқтисодиёт дар ҳудуди Русия" қабул шуд, - омадааст дар хабарнома.
Тарҳи қонун ҳиссаи муҳоҷиронро дар бахши иқтисоди се минтақаи Русия - шаҳри Маскав, вилояти Амур ва Бурятия кам хоҳад кард.
Ҳамчунин Вазорати кишоварзии Русия пешниҳод карда, ки ҳиссаи муҳоҷиронро дар соҳаи кишоварзӣ низ, дар саросари Русия муайян кунанд.
Комментарии (0)