Ҷонибдории оилаи Гуловҳо аз сиёсати Раҳмон: бунёди 4 иншооти Данғараро ба уҳда гирифтанд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон 12 сентябр дар ноҳияи Данғара дар маркази шаҳрак майдончаҳои муосири варзишӣ ва бозии кӯдаконаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, иншооти варзишӣ аз ҷониби сокинони ватандӯсти ноҳияи Данғара, оилаи Гуловҳо бо ҷонибдорӣ аз сиёсати иҷтимоӣ ва созандаи Ҳукумати кишвар бо сифати баланд бунёд шуда, дар самти ободии ин гӯшаи диёр саҳми муносиб гузошт.
Котибот афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар вазъияти тантанавӣ майдончаҳои варзишӣ ва бозии кӯдаконаро ифтитоҳ карда, ба иқдоми сокинони саховатпешаи ноҳияи Данғара баҳои баланд доданд.
“Ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара бунёди наздики 300 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст ва танҳо оилаи Гуловҳо иқдом пеш гирифтаанд, ки 4 адад иншоот, аз қабили майдончаҳои муосири варзиширо сохта ба сокинони ноҳия тақдим намоянд”, - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ илова намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити машқу тамрин ва бозиҳои варзишӣ дар ин ҷо ба кӯдакону наврасон туҳфаҳо, аз қабили велосипед, тубҳои чармии футбол ва бозичаҳои кӯдакона тақдим намуданд.
Гуловҳо аз оилаҳои бонуфузи Тоҷикистон мебошанд, ки аъзои он дар сиёсату соҳибкорӣ фаъолият доранд. Шералӣ Гулов, яке аз намояндаҳои ин оила дар гузашта раиси ноҳияи Данғара, раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва то соли 2013 вазири энергетика ва саноати Тоҷикистон буд.
Комментарии (0)