Наврӯз Усмонов нахустин меҳмонхонаи “WYNDHAM Dushanbe” месозад
Соҳибкор Наврӯз Усмонов дар шаҳри Душанбе меҳмонхонаи “WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts”-ро месозад, ки дараҷаи 5 ситорадор хоҳад буд
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон 4 сентябр дар кӯчаи Ҳабиб Аҳрории ноҳияи Исмоили Сомонӣ барои оғози корҳои сохтмонӣ дар Меҳмонхонаи бисёрошёнаи замонавии “WYNDHAM Dushanbe hotel & Resorts” санги асос гузошт.
Манбаъ афзуд, ки меҳмонхона барои қабули меҳмонон 103 адад ҳуҷра бо 300 кат, аз ҷумла, ҳуҷраи президентӣ, 2 супер-люкс, 20 адад ҳуҷраи люкс, 20 адад полюлюкс ва 60 ҳуҷраи стандартӣ сохта мешавад.
Котиботи раисиҷумҳур таъкид кард, ки иншооти нав дар 2 сол аз тарафи соҳибкори ватанӣ Наврӯз Усмонов бунёд мегардад ва баъди мавриди истифода қарор додани он беш аз 240 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки бренди “WYNDHAM hotel & Resorts” яке аз ширкатҳои машҳури ҷаҳонӣ буда, зиёда аз 9200 меҳмонхонаро дар бар мегирад.
Дар зиёда аз 80 давлати шаш қитъаи олам хизматрасонӣ мекунад ва 36 меҳмонхонаи “WyndhamGrupp” дар давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият менамоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин маротиба меҳмонхонаи “WYNDHAM” сохта мешавад.
Эмомалӣ Раҳмон зимни оғози сохтмон ба соҳибкорон барои иқдомашон дар ободонии пойтахт баҳои баланд дода, онҳоро ба иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ, риояи талаботи меъёрҳои миллӣ, истифодаи санъати баланди меъморӣ, нақшу нигори миллӣ дар вақти ороишоти дохил ва беруни иншоот, масолеҳи хушсифати сохтмонӣ, аз қабили сангҳои ороишӣ, тайёр кардани кадрҳои болаёқати хизматрасон, таъсиси гушаҳои фуруши молу маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ ва дигар корҳои ободонӣ даъват намуд.
Комментарии (0)