Ба ҳар сурат, ки ҳастӣ акси худро ончунон бинӣ
Бо расонаӣ гардидани иттилоъ бобати он ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қонунгузорӣ муқаррарот бобати маҳдудият дар робита ба занони сатрпӯш ҷорӣ мешавад, сӯзиши шадиди “пӯшт”-и Муҳаммадиқболи Садриддин шадидтар гардид. Ин бахтбаргашта масъаларо ончунон “ливо” кардан дорад, ки як идда ашхоси ноогоҳ ӯро шояд ҳомиии зану модари тоҷик пиндоранд. Ба ҳеҷ ваҷҳ чунун набуд нест.
Муҳаммадиқбол (минбаъд Иқболи «беиқбол») ба сатр “майл”-е, ки аз хурофот маншаъ гирифтааст, дорад. Ин аст, ки тамоми хонумоҳои худ, ҳатто яке аз занҳояш Ш-и аврупоипӯш ва бо мардони зиёд равобитдоштаро сатрпӯш кард. Доир ба ин масъала – ахлоқи Иқболи беиқбол зиёд метавон гуфт ва дар ин ҷода ба ҳеҷ ваҷҳ ба камбуди далел мувоҷеҳ нахоҳем шуд. Вале мо инро камоли мардонагӣ намедонем, дар ҳоле ки “чену бар” кардани олоти таносули дигарон аз аъмоли дӯстдоштаи мухотаби мо аст.
Иқболи беиқбол бояд беҳтар аз дигарон донад, ки кулли ибтикори дар робита ба либоспӯшии занони тоҷик аз ҷониби сохторҳои дахлдор амалигардида ҷанбаи ахлоқӣ дошта, рабте ба исломбадбинӣ надорад. Далели бебас аст, ки болоравии ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сарулибос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон, ки меҳвари он хурофот аст, метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад. Бо дарки масъулият метавону гуфт, ки дар баробари омилҳои дигар, аз қабили тақлид ба тарзи либоспӯшии ба анъанаҳои мо носозгор, таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ва ғайра рӯ ба чунин тарзи либоспӯшӣ овардани як идда бонувони тоҷик аз заифиродагӣ ва хурофотпарастии мардоне чун Икболи беиқбол сарчашма гирифтааст.
Шахси мавриди назари мо чаро аз он ёдовар намешавад, ки ба шарофати чунин хурофотпарастӣ аз як миллиарду чорсад миллион мусулмони олам 800 миллион нафарашон бесаводанд. Иқболи беиқбол бо ибрози сафсатаҳояш бори дигар собит намуд, ки таърих ва моҳияти чунин тарзи либоспӯширо намедонад. Агар ин раванд пешгирӣ намешуд, як гурӯҳи занону духтарон диндориро на дар ботин, балки дар зоҳир тасаввур карда, бо пӯшидани либосҳои сиёҳу торик арзишҳои фарҳанги миллии моро поймол ва фазои маънавии ҷомеаро тира сохтанӣ буданд.
Аслан, ҳаргиз нияти вокуниш зоҳир намудан ба андешаҳои сафсатаомез ва аз ҳақиқати воқеӣ фарсахҳо дури номбурдаро
надоштам. Зеро, тавваҷҷуҳ ба ин гуна сафсатаҳо сарфи беҳудаи вақт ва харҷи барабаси неруи зеҳнӣ аст, на чизи дигар. Вале ҷилваҳои ин бахтбаргашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва сафсатапароканиаш, ки марзи касбияту одамиятро дағалона убур менамояд. водор намуд, ки чанд андешаро, ки дар муқоиса бо суханони пойдарҳавои мавсуф асоси воқеӣ дорад, пешниҳоди хонандагони закӣ намоям.
Ҳар инсони солимфикр ҳанўз аз лаҳзаҳои дарк менамояд, ки суханони Иқболи «беиқбол» дар ягон қолаб ва меъёрҳои инсонӣ намеғунҷад.
Ногуфта пайдост, ки пешравиҳои кишвари азизи мо барои чунин нафарон мисли кордест, ки ба гушту нохунашон расидааст, хорест, ки муназзам ба дидагонашон мехалад ва устухонеро шабеҳ аст, ки дар гулуяшон дармонда. Табиист, ки бо ҳар роҳу васила мехоҳанд аз ин раванд интиқод кунад.
Дар маҷмўъ, амалҳои ин қабил «душманӣ бо офтоб аз аблаҳист»-ро мемонад. Итминонам комил аст, ки агар дар садри давлати Тоҷикистон аз арши аъло фаришта қарор дошта бошад, ҳам барояшон ба ҳеҷ ваҷҳ мақбул нахоҳад буд. Ҳазёнгўиҳои Иқболи «беиқбол» бароямон падидаи нав нест. Дар заминаи ироаву ибрози «назар» и хеш, ки асалан барои ин нафар падидаи маъмулӣ ва амри муқаррарист, мехоҳад мунтазам худро ҳамчун чеҳраи хабарсоз расонаӣ кунад. Муътақидам, ки ҳадаф аз ин иқдом низ танҳо бори дигар аз худ «дарак» додан ва ба маҳзари ом гузоштани хеш ҳамчун «ситораи тобнок», аз хеш ҷабрдида «тарошидан» аст, на чизи дигар… Ба ибораи дигар, «муқтазои табиаташ ин аст» ва «дарди кампир ғўза». Бидуни шубҳа мегўям, ки барои Иқболи беиқбол омилҳои зикршуда, аз ҷумла эътироз ба ин ё он масъала танҳо василае барои худнамоӣ ва мавриди таваҷҷуҳи расонаҳо қарор гирифтан асту халос. Он рӯз дур нест, ки Иқболи «беиқбол» дар идомаи он ибтикоре, ки ба бардошта шудани парда аз симои манфури масъулин ва аъзои ТТЭ ҲНИ рабт дорад, аз мавқеъгириҳои қаблиаш пушаймон шавад. Ба касе пӯшида нест, ки ин содаро наҳзатиҳо хеле моҳирона «гул» заданд. Ин «беиқбол» то ҳанӯз дарк накардааст, ки наҳзатиҳо нафароне нестанд, ки «бо онҳо ба разведка рафтан шояд». Вале ба ҳар сурат, «сари кафида зери тоқӣ» ва «туф кунам ба болои худам меафтад» гуфтагӣ барин, хомўширо ихтиёр карда, “фаъолият” дорад. Дер ё зуд номбурда дарк хоҳад кард, ки дини ислом барои роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ василаи расидан ба мансаб ва амалӣ намудани мақсадҳои нопок маҳсуб ёфта, дар ин ҷода арзишҳои инсонӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои дигарон «як пули пучак» арзиш надоштанду надоранд.
Муҳимтар аз ҳама, ҳамагуна кўшиш ҷиҳати ҷалби таваҷҷуҳи мардум, тавассути аз худ ҳамчун бечора дарак додан дигар умуман натиҷа намедиҳад. Ин ҳақиқатест, ки Иқболи беиқбол ва ба ў монандҳо дарк намуданашон зарур ва ногузир аст. Ба қавли шоире:
Ҷаҳон дори мукофот асту дорад табъи оина,
Ба ҳар сурат ки ҳастӣ акси худро ончунон бинӣ.
Қурбонгул Қурбонмамадова
муовини раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе

Комментарии (0)