Вокуниши Раҳимзода ба латукӯби мудҳиши ҷавони тоҷик аз сӯи миллатгароҳо
Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон дар робита ба латукӯби бераҳмонаи ҷавони эҳтимолан тоҷик аз ҷониби гуруҳи миллатгароён, ба ҳамтои русиягияш Владимир Колоколтсев барқия фиристода, хостори муҷозоти ҷинояткорон шудааст
Тибқи иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро вобаста ба ҳодисаи лату кӯби бераҳмонаи ҷавони тоҷик аз ҷониби гуруҳҳои миллатгаро дар Русия худи ҳамон рӯз ба вазири умури дохилии ин кишвар генерал Колоколтсев барқия ирсол намуд.
Манбаъ афзуд, Раҳимзода дар паёмаш аз Колоколтсев хоҳиш намуд, ки ҷиҳати сари вақт ошкор кардани ҷинояти мазкур, ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон ва таҳти назорати қатъӣ гирифтани тафтиши ин ҷинояти мудҳиш мусоидат намояд.
“Инчунин, сохторҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ машғуланд, вазифадор карда шуданд, ки бо ҳамтоёни худ дар Федератсияи Русия дар алоқа бошанд ва барои ошкор кардани ин ҷиноят кӯмак расонанд”, - омадааст дар иттилоияи ВУД.
Манбаъ таъкид намуд, ки намояндаи Вазорати умури дохилии Федератсияи Русия дар Сафорати Русия дар Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса огоҳонида шуд.
Ахиран дар интернет навори латукӯби бераҳмонаи як муҳоҷири эҳтимолан тоҷик аз ҷониби миллатгароён нашр шуд. Дар навор як гуруҳ ваҳшиёна бо даъвоҳои миллатгароёна ва таҳқири тоҷикон ҷабрдидаро бераҳмона мушту лагад зада, бо корд ба дасту пояш зарбаҳо заданд. Дар ҳоле, ки ҷавон нолон рӯяшро медошту дар замин мехобид гуруҳи ҷинояткор аъмолашонро идома дода, ба навор мегирифтанд.
Комментарии (0)