Даргузашти адвокати маъруфи тоҷик Файзинисо Воҳидова
Файзинисо Воҳидова, адвокати маъруфи тоҷик бар асари беморӣ даргузашт. Таҳмина Раҳимова, адвокат ва келини Файзинисо Воҳидова субҳи 4-уми дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки вакили дифои маъруф соати 2-и шаби гузашта дар бемористони марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз ҳаёт чашм пӯшид.
Раҳимова афзуд, ки Файзинисо Воҳидова чанд вақти ахир аз бемории шамолхӯрдагӣ ё пневмония ранҷ мебурд ва бинобар ҳамин, дар бемористон бистарӣ шуда буд. Ба гуфтаи Таҳмина Раҳимова, Воҳидова дар бахши эҳёи беморхона табобат мегирифт ва шаби гузашта ҳолаш бад гардид ва табибон натавонистанд ӯро наҷот диҳанд.
"Бо пои худашон рафта буданд, вале он ҷо якбора ҳолашон бад шуд ва ба шӯъбаи эҳё гузарониданд. 10 шабонарӯз боз он ҷо нигоҳдорӣ мешуд, ҳамин шаб ҷон доданд",-афзуд Таҳмина Раҳимова.
Ӯ афзуд, ки ҷасади Воҳидоваро ба манзилаш воқеъ дар шаҳри Гулистон (собиқ Қайроқум) оварда, имрӯз соати 13 дар қабристони Гунбази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров - маҳали таваллуди ӯ, ба хок месупоранд.
Платформаи байнулмилалии блоггерии Global Voices дар соли 2016 Файзинисо Воҳидоваро яке аз шаш зани фаъоли тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ унвон карда буд.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ даргузашти Файзинисо Воҳидоваро як талафоти калон мехонанд. Раҷаб Мирзо, фаъоли ҷомеаи маданӣ мегӯяд, ҳузури шахсиятҳое мисли Файзинисо Воҳидова барои мардуми озодандеши тоҷик руҳу тавон мебахшид. Ба қавли ин рӯзноманигори тоҷик, Воҳидова аз камтарин нафароне буд, ба мушкилоти мавҷудаи Тоҷикистон бетараф набуд.
"Яке аз чеҳраҳоеро аз даст додем, ки пеш аз ҳама баномус буданд. Номуси онҳо дар заминаи ҳам саводи хеле хуби хуби ҳуқуқиашон ҳам дарк кардани ҳассосияти вазъ буд. Рӯзи 24-уми декабр дар рӯзи таваллудашон навишта будам, ки танҳо ҳузури шахсиятҳое мисли Файзинисо Воҳидова дар Тоҷикистон кифоя аст, ки ҳатто агар онҳо ҳеҷ сӯҳбат ва бархурду вокуниш ҳам накунанд мардуми озодандеши Тоҷикистон каме руҳу тавон дар худ дошта бошанд. Мутаассифона мо имрӯз ҳамн гуна шахсиятро аз даст додем",-гуфт Раҷаби Мирзо.
Файзинисо Воҳидова дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омада, соли 1986 Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскавро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Аз соли 1995 то лаҳзаҳои охири ҳаёташ ба ҳайси адвокат ё вакили мудофеъ фаъолият дошт.
Хонум Воҳидова дар баҳси чандин парвандаҳои пурсару садо, аз ҷумла сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳури Тоҷикистон дар соли 1997, парвандаи Содиқ Муҳаммадохунов, мулаққаб ба "Сачан" (раҳбари корхонаи пахтаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва аз фармондеҳони шинохтаи собиқи Фронти Халқӣ буд), қатли раиси бозори ҷамоати Чоркӯҳи ноҳияи Исфара ва чандин парвандаи тарафдорони сарҳанги шӯришӣ - Маҳмуд Худойбердиев ва ҳамчунин гурӯҳи "Ҳизби Таҳрир" иштирок кардааст.

Комментарии (0)