Ҳукумати Узбакистон барои муҳоҷиронаш 3462 манзил қарз медиҳад

Ҳукумати Узбакистон барои муҳоҷиронаш 3462 манзил қарз медиҳад
Ҳукумати Узбакистон тасмим гирифтаст дар соли 2020 барои муҳоҷирони корӣ, ки берун аз кишвар қарор доранд 3,5 ҳазор хона тақсим намояд

Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев бо судури як фармон, қарор намудаст, ки соли оянда барои муҳоҷирони кории узбак, ки дар хориҷи кишвар машғул ба меҳнат ҳастанд, дар биноҳои баландошёна 3462 манзил дода шавад.

Бар хабари сомонаи Sputnik Узбакистон, манзилҳо ба таври қарз ба муҳоҷирон пешниҳод мешаванд.

Дар фармони раисҷумҳур таъкид шудааст, ки муҳоҷирон метавонанд қарзи хонаро бо рубли русӣ тариқи бонки "Азия инвест бонк" ва дигар бонкҳое. ки дар қаламрави русия фаъолият мекунанд, пардохт намоянд.

Зимнан ба муҳоҷирони узбак имкон фароҳам оварда шудаст, ки сар аз 1 - уми октябри соли равон давоми як рӯз то маблағи 2 миллион сум бо 10 фоизи солона қарз дастрас намоянд. Аммо аз соли 2021, 10 фоизи соланаи қарзӣ ба 12 дарсар баробар мешавад.

Ӯзбекистон 33 миллион аҳолӣ дорад, ки аз ин миён беш аз  5 миллион шаҳрвандони ин кишвар дар муҳоҷирати корӣ дар Русия қарор доранд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий