ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ

ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ЭКСТРЕМИСТӢ
19.08.2019 ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Раҷабов Рамазон Файзуллоевич 1989 с/т, миллаташ ӯзбек, истиқоматкунандаи ҷ/д 20-солагии Истиқлол, деҳ. М.Турсунзода, ки айни замон дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар Ф.Россия қарор дорад, ғояҳои ҷараёни экстремистии “Салафия”-ро аз худ намуда, ба таблиғоту ташвиқоти ақидаҳои ҷараёни мазкур машғул шуда, тавассути шабакаи интернетии “Ютуб”, “Одноклассники” ва “Телеграмм”  баромадҳои аъзоёни ҷараёни “Салафия”-ро гӯш карда, оид ба ақидаҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” маълумот пайдо карда, онҳоро қабул ва ҷонибдорӣ намудааст. Шаҳрванд Раҷабов Р.Ф. баъди аз худ намудани ақидаҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” ба худ хулоса баровардааст, ки ақидаҳои мазҳабии Имоми Аъзам нодуруст мебошанд ва минбаъд ба шаклу  усулҳои ҷараёни экстремистии “Салафия” фаъолият намудааст. Сипас, моҳи марти соли 2017 то моҳи июни соли 2019 баҳри устувор нишон додани ақидаҳои худ дар масҷиди 5-вақтаи деҳаи С.Айнӣ, ҷ/д Т.Сангини ноҳия ба номи “Имом Муслим” бо тарз ва усули ҷараёни экстремистии “Салафия” амал намуда, ба ғайр аз ин номбурда бо ҳамроҳии ҳаммаслаконаш шабона дар назди масҷиди деҳаи зикргардида ҷамъ омада, баромадҳои аъзоёни ҷараёни экстремистии “Салафия” бо номҳои “Шайх Абдулло Доғистонӣ, Абдулло Зуфар, Абу Салоҳ, Содиқ-Самарқандӣ ва  Муҳаммад Хаблос”-ро мавриди мутолиа қарор додаанд. Нисбати шаҳрванд Раҷабов Р.Ф. аз тарафи  ШТ РКДАМ ҶТ дар вил. Хатлон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 307 иловаи 3 қ-2 КҶҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий