Язнаам сари хоҳарамро кал кардааст
Хоҳарам Аниса бисёр духтари зебо ва талабгоронаш аз мӯйи сараш зиёд буданд. Падарам аз байни хостгорони бешумори духтараш як ҷавони серпулро интихоб намуда, Анисаро ба шавҳар дод. Хурсанд шудем, ки хоҳарам шавҳари сарватманд кард ва кордаш болои равған шуда, зиндагии шоҳона ба сар мебарад, аммо…
Аз рӯзҳои аввали зиндагӣ шавҳараш Анисаро ҳатто ба сояи худаш ҳам рашк карда, азоб медод. Хоҳари базебакам ҳамеша бо сару рӯйи аз мушту лагади шавҳар сиёҳу кабудгашта ба хона омада, шиква мекард, ки домод ӯро мезанад, аммо падарам боз ӯро пешандоз карда, ба хонаи хушдоманаш мебурд. Шавҳари гапхунукаш ба ҷойи раҳмат гуфтан баъди омадани падарам Анисаро таъна мекардааст, ки ту ба ягон кас даркор нестӣ, барои ҳамин пеш кунам ҳам, волидонат боз туро ба хонаи мо оварда мемонанд.
Хулоса, хоҳари нозанинам аз зарби шаттаи шавҳари бадрашкаш касалӣ шуда монд. Ӯро борҳо дар беморхона хобонда табобат кардем. Падару модараш, хешу табор, хулоса калонҳо чандин бор язнаамро насиҳат карданд, ки шубҳаю гумони бадро аз дилаш дур карда, одам барин зиндагӣ кунад, вале он нокас ҳеҷ инсон нашуд, ки нашуд!
Як шом нав дар сари дастурхон нишаста, хӯроки шомро кашида будем, ки язнаам доду фарёдзанон аз дар даромад ва Анисаро кашолакунон аз мошин фаровард. Сари хоҳарам кал ва таги чашмонаш каб-кабуд буд. Анисаро бо ин ҳол дида талхакаф шудем. Шавҳараш “духтари фоҳишаатонро гиред, дигар ба ман даркор нест” гӯён, ҳафт пушти моро ҳақоратҳои болохонадор дода, баромада рафт. Пас аз рафтани ӯ модарам Анисаро ба хона дароварда, сабаби ҷангу ҷанҷолашонро пурсон шуд. Маълум гашт, ки аз саҳар боз кадом як рақами ношинос ба Аниса занг мезадааст. Хоҳарам телефонашро набардошта бошад ҳам, шавҳари бадрашкаш бо дидани рақамҳои ношинос девона шуда, ӯро зери мушту лагад гирифтааст ва ҷазо доданӣ шуда, сарашро бо лезва тарошидааст.
Хулласи калом, Аниса дар назди падару модарам бо китоби муқаддаси Қуръон қасам хӯрд, ки ба шавҳараш хиёнат накардааст ва кӣ будани шахси зангзадаро намедонад. Барои исбот кардани покдомониаш вай ба мақомот ариза навишт. Дар рафти тафтишот маълум шуд, ки ду даҳмарда аз Шаҳритуз бекор монда, аз пеши худашон рақам чидаанд ва Анисаро умуман намешиносанд. Суд барои бе далел ҷазо додани ҳамсараш язнаамро ба ду соли зиндон маҳкум кард.
Хоҳарам баъди ҳамон ҳодиса дигар ба худ наомад. Мудом дар хобаш “омад-омад”-гӯён, дод мезанад. Ӯро ба назди чандин табибони номдор бурдем, вале касе ба дардаш дармон ёфта натавонист.
Саргузашти хоҳарамро ба он хотир нақл кардам, ки ба мардҳои бадрашк дарси ибрат шавад ва пеш аз занашро ҷазо додан, аввал муайян кунанд, ки ягон гуноҳ дорад ё не.
Муҳиба, ш. Қурғонтеппа

Комментарии (1)