Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷин Личун ва интизориҳои Тоҷикистон

Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Ҷин Личун ва интизориҳои Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз дар Қасри миллат бо Ҷин Личун, президенти Бонки осиёгии сармоягузориҳои инфрасохторӣ – “AIIB” густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни мулоқот зикр гардид, ки наздик ба панҷ сол Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар самти бунёди инфрасохтор дар кишварҳои Осиё саҳм гузошта, барои Тоҷикистон низ шарики боэътимоди рушд ба ҳисоб меравад.

“Аз ҷумла дастгирии лоиҳаи “Беҳтар намудани ҳолати роҳи автомобилгарди минтақавии Душанбе – Турсунзода – сарҳади Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва лоиҳаи “Таҷдиди Неругоҳи барқи обии Норак, марҳилаи 1” фикру мулоҳизаҳои судманд баён гардид ва изҳори итминон карда шуд, ки лоиҳаҳои дигари муштараки сармоягузорӣ дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика ва дигар соҳаҳои афзалиятнок аз ҷониби Бонк дар оянда низ дастгирӣ ёфта, сармоягузорӣ мегарданд”, - омадааст дар иттилоия.

Котиботи раисиҷумҳур афзуд, ки ҷонибҳо инчунин ҳамкориҳои минбаъда дар заминаи ҳадафҳои стратегӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу энергетика ва экологияро баррасӣ намудаанд.

Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ, созмони молиявии байналмилалӣ мебошад, ки соли 2014 бо пешниҳоди Чин таъсис ёфта, Чин, Ҳинд ва Русия бештари овозҳоро дар он мебошанд. Бисёре аз коршиносон ин бонкро рақиби Бонки ҷаҳонӣ ва ХБА арзёбӣ мекунанд, аммо худи масъулин ин иддаоро рад мекунанд. Чин бо бештари оро дар ин созмони байналмилалӣ мақоми калидӣ дорад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий