Супориши Раҳмон: санҷиши ғайринавбатии хазинаи сангу металҳо бо роҳбарии ноиби раиси КДАМ
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон барои санҷиши ғайринавбатии ҳолати Фонди давлатии метал ва сангҳои қиматбаҳои кишвар қарор имзо кардааст
Тибқи қарори Ҳукумат, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон даҳаи охири моҳи июл имзо намудааст, хазинаи сангу металҳои қиматбаҳои кишварро комиссияи махсус тариқи ғайринавбатӣ месанҷад.
Раисиҷумҳур ҳайати комиссияро муваззаф кардааст, ки давоми 20 рӯз ҳолати хазинаи сангу металҳои қиматбаҳоро санҷида, аз натиҷаи он ба Ҳукумати Тоҷикистон гузориш диҳанд. Роҳбари комиссияи махсус Нусратулло Мирзоев, муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин шуда, ба ҳайати он намояндагони бахшҳои дигар аз ҷумла Сангин Элназаров, роҳбари намояндагии Сарраёсати геология дар ВМКБ шомил шудааст.
Феълан тафсилоти бештар аз раванди санҷиш маълум нест.
Қаблан мақомоти Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки бештари металҳои қиматбаҳои Тоҷикистон, аз ҷумла тиллои тавлиди ватанӣ дар дохили кишвар аз ҷониби Бонки миллӣ ва Вазорати молия харидорӣ мешавад.
Бар асоси омори гумрукӣ бисёри металҳои қиматбаҳои Тоҷикистон ба Швейтсария содир карда мешаванд.
Тибқи иттилои Хадамоти гумруки Тоҷикистон тайи шаш моҳи аввали соли равон кишвар бо 101 мамлакати ҷаҳон додугирифт дошта, аз ҳаҷми умумии содирот 200,2 миллион доллар ё 27,9 фоиз ба кишварҳои хориҷи наздик ва 62,1 фоиз ё ба арзиши 337,9 миллион доллар ба кишварҳои хориҷи дур рост меояд.
Ҳаҷми асосии содироти мол ба давлатҳои Швейтсария - 23,1%, Туркия - 22,6%, Қазоқистон - 17,1%, Узбакистон - 15,6%, Чин - 5,1%, Афғонистон - 3,7%, Русия - 3,1% ва Эрон - 2,1%-ро ташкил медиҳад, хабар дод Хадамоти гумрук зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳа.
Комментарии (0)