Рамазон Раҳимзода рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст
Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, ба сафи докторони илми ҳуқуқ пайвастааст. Як мақоми Шӯрои илмии ҳуқуқи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рӯзи 1-уми январ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ ҳимояи рисолаи доктории Раҳимзодаро тасдиқ кард. Ӯ гуфт, ҳимояи рисола рӯзи 29-уми декабри соли 2018 сурат гирифт.
Мавзӯи рисолаи доктории Рамазон Раҳимзода “Фаъолияти ҷустуҷӯӣ-оперативӣ барои таъмини амнияти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: мушкилоти назариявӣ, методология ва таҷриба (таҳлили таърихӣ- ҳуқуқӣ ва умуминазариявӣ)” аст.
Абдураҳим Холиқзода – вакили порлумон ва собиқ раиси Кумитаи дин, Аида Куманалиева – устоди Донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон ва Рамон Ромашев – профессори Донишгоҳи гуманитарии иттифоқҳои касабаи шаҳри Санкт-Петербург ба кори илмии Раҳимзода тақриз навиштаанд.
Генерал Рамазон Раҳимзода дар баробари таълифи чанд китоби илмиву таълимӣ дар арсаи криминилистика ва кофтукоби фаврӣ, шеър ҳам менависад. Маҷмӯи шеърҳои Раҳимзода таҳти тахаллуси эҷодии Ниҳонӣ чоп шудааст.
Раҳимзода ҳамчунин пйеса ва матни намоишномаҳои театрӣ низ эҷод мекунад. Моҳи августи имсол Театри академӣ-драмавии ба номи Аблуқосим Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе аз рӯи асари Раҳимзода намоишномаи "Дили модар"-ро таҳия кард, ки ба мубориза бо терроризм бахшида шудааст.
Солҳои охир бисёре аз мақомдорони тоҷик дар мавзуъҳои мухталиф рисолаҳои илмӣ дифоъ кардаанд. Аммо соли гузашта пойгоҳи интернетии "Диссернет" чандин рисолаи олимони тоҷик, аз ҷумла баъзе аз мансабдоронро тақаллубӣ баровард.
Комментарии (0)