Тоҷикистон ба содироти тракторҳои беларусии дар Тоҷикистон ҷамъу васлшуда оғоз кард
Корхонаи муштараки Тоҷикистону Беларус – “Агротехсерввис” миқдори аввали тракторҳои дар Ҳисор ҷамъу васлшударо ба хориҷи кишвар содирот намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, санаи 27 декабр аз ҷониби ҶСП “Агротехсервис”-и шаҳри Ҳисор аввалин маротиба 8 адад тракторҳои тамғаи «Беларус 82.1» ва «Беларус 80Х» ба Ӯзбекистон содир шуд.
Гуфта мешавад, корхонаи мазкур нақша дорад, ки дар соли 2019 содироти тракторҳои тамғаҳои «Беларус 80Х» ва «Беларус 82.1», ҳамзамон таҷҳизоту мошинолотҳои гуногуни кишоварзиро ба Ӯзбекистон ва трактори тамғаи «Беларус 512» (бе кабина) ба Афғонистон ва Покистон ба роҳ монад.
Дар маълумот қайд мешавад, ки КМ “Агртехсервис” 29 сентябри соли равон бо иштироки сарони кишварҳои Тоҷикистону Беларус Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Лукашенко расман мавриди истифода қарор гирифт.
Зикр мегардад, ки муддати як сол корхона ба васлу насби беш аз 1,7 ҳазор тракторҳо имкон дошта, шумори истеҳсоли солонаи дигар таҷҳизоти кишоварзӣ, аз ҷумла ядакҳо (прицеп) 2,6 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
Read more: https://news.tj/tj/news/tajikistan/economic/20181231/toikiston-ba-sodiroti-traktoroi-belarusii-dar-toikiston-amu-vaslshuda-ooz-kard

Комментарии (0)