Аз 1 террорист 50-60 симкорт гирифта шуд: аз шарҳи генерал то навбатпоии дурӯзаи Турсунов
Генерал-майор Қудратулло Назарзода, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Суғд изҳори боварӣ намуд, ки сабти симкортҳо ба воситаи шиносномаҳои пластикӣ барои пешгирии ҷиноятҳо мусоидат мекунад
Генерал Қудратулло Назарзода зимни шарҳи зарурати сабти симкортҳо бо шиносномаҳои нав, гуфт бинед имрӯз аз симкортҳо чӣ гуна гурӯҳҳои террористӣ истифода мекунанд.
“Ё аз тарафи он шахсоне, ки ғайриқонунӣ ба нашъаҷаллобӣ даст мезананд. Гурӯҳҳои муташаккли дигар пайдо шудаанд, ки барои амалишавии нақшаҳои ҷиноии худ аз симкортҳо зиёд истифода мебаранд”, - гуфт генерал.
Сардори РВКД Тоҷикистон дар Суғд аз ҳодисаҳои солҳои пеш зикр кард, ки гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар марзи Тоҷикистон аз якчанд симкорт истифода кардаанд.
Ӯ гуфт дар солҳои 2008-2010, қайди симкортҳо дар кишвари мо қариб, ки мавҷуд набуд, вале ба ҳангоми дастгир шудани гурӯҳҳои терористӣ дар шаҳри Исфара аз ҳар яки онҳо 50-60 донагӣ симкорт мусодира гардид.
“Ин гурӯҳи террористон дар қатли, сардори шӯъбачаи кофтукоби ҷиноии Исфара, захмикунии нозирони минтақавии ШВКД Исфара-2 ва ШВКД Исфара-1 аз силоҳи оташфишон ва ҳам куштори якчанд нафар кормандони бозрасии давлатии автомобилӣ дар солҳои 1994-2009 муҷрим шинохта шудаанд”, - афзуд генерал.
Назарзода Қудратулло Бобо, гуфт сабти симкортҳо тавассути шиносномаҳои пластикии дорои ID, бо дастури роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, ин тасмим барои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба сафи гурӯҳҳои ҷиноятпешаи террористӣ роҳандозӣ шудааст.
ВУД Тоҷикистон, ки яке аз ташаббускорони қабули ин Қарори Ҳукумат буд, аз ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки симкортҳои мобилиашон бо шиносномаи намунаи соли 1996 дар қайд мавҷуд мебошанд, хоҳиш намуда буд, барои иваз намудани шиносномаҳои худ ба шӯъбаҳои шиносномадиҳии шуъбаҳои ВУД дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ муроҷиат намоянд. Муҳлат барои сабти симкортҳо то нимаи август муқаррар шуда буд.
Зимнан дар назди шуъбаҳои шиносномадиҳӣ дар шаҳру новоҳии Тоҷикистон, таҷаммӯъи зиёди сокинон ба мушоҳида мерасад, ки рӯзу соатҳои зиёд барои гирифтани паспорти нав дар навбат истодаанд.
Абдураҳмон Турсунов, як сокинони шаҳри Истаравшан иброз намуд, ки дар супоридани ҳуҷҷат, барои шиносномаи ID, ҳамроҳ бо ҳамсараш ду рӯз дар назди идори шиносномадиҳӣ сипарӣ кардаанд.
“Одамони зиёд аз деҳоти дурдаст омада навбат истодаанд. Мо ҳам ночор то расидани навбатамон ду рӯзу як шабро дар назди идораи шиносномадиҳӣ сипарӣ кардем”, - гуфт Турсунов.
Абдураҳмон Турсунов мегӯяд, наздики даҳ сол аст, ки ду фарзандаш ба муҳоҷирати Русия мераванд ва зиндагии хонаводаи онҳо аз ҳамин роҳ таъмин карда мешавад. Дар шароити муҳоҷират ӯву ҳамсараш тариқи телефон бо ҳам ҳолпурсӣ мекунанд. Бино бар ин ба паспортгирӣ омадаанд, то симкорти телефонашонро ба қайд гиранд, дар акси ҳол аз хизмати телефонҳои мобилӣ маҳрум хоҳанд шуд.
Сардори РВКД дар Суғд иттилоъ дод, ки дар ин давра аз ҷониби шуъбаҳои шиносномадиҳӣ шаҳру ноҳияҳои Суғд ба 95 ҳазору 253 нафар, шиносномаҳои нав дода шудааст.
Бо ин вуҷуд аз шумори зиёди сокинони назди идораҳои шиносномадиҳӣ аён мегардад, ки ҳоло ҳазорҳо нафари дигар, барои нав кардани шиносномаҳояшон дар навбат истодаанд ва муҳлати пешбинишудаи 10-уми август, барои гирифтани ID-корт кифоят нахоҳад кард.
Комментарии (0)