Қонуни нав: салоҳияти раисиҷумҳур ва сафи дипломатҳо бештар шуд

Қонуни нав: салоҳияти раисиҷумҳур ва сафи дипломатҳо бештар шуд
Маҷлиси миллии Тоҷикистон ҳафтаи равон тағйирот ба қонун “Дар бораи хизмати дипломатӣ”-ро қабул кард, ки бар асоси он салоҳиятҳои раисиҷумҳур ва сафи дипломатҳо зиёдтар шуд

Муҳаммадюсуф Имомзода, узви Маҷлиси миллӣ ҳафтаи равон зимни ҷаласаи палатаи болоӣ тағйироти мазкурро шарҳ дод, ки тибқи он кормандони Дастгоҳи иҷроияи раисиҷумҳур, ки  масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд, ба ҳайати дипломатҳо шомил шуданд.

Аз ҷумла кормандони бахши ёрдамчии президент дар масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроия ва Хадамоти ташрифоти раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳайати кадрии хизмати дипломатӣ илова  гардиданд.

Муайян карда шуд, ки кормандони мазкур бо пешниҳоди роҳбари Дастгоҳи иҷроия дар мувофиқа бо раисиҷумҳур ба хизмати дипломатӣ дар Вазорати умури хориҷӣ ва муассисаҳои хориҷии Тоҷикистон дар кишварҳои хориҷӣ ба тариқи гузариш таъин карда мешаванд.

Тағйироти нав инчунин муқаррар намудаанд, ки минбаъд тартиби ҷойивазкунии кормандони хизмати дипломатиро на Вазорати умури хориҷӣ, балки худи раисиҷумҳури Тоҷикистон муайян мекунад.

Комментарии (0)

Оставить комментарий