Як фарзия дар бораи пайдоиши Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ

Як фарзия дар бораи пайдоиши Ҳизби наҳзати исломии Иттиҳоди Шӯравӣ
Дар даврони Бозсозӣ ва шояд пештар аз он ҳам, хадамоти махсус дар дохили ҳукумати Тоҷикистони шӯравӣ (эҳтимол бо маъмурияти пинҳонии Маскав) аз афзоиши норизоятиҳои иҷтимоии мардуми кишвар ба ташвиш омада буд. Аз ин рӯ, чораҷӯӣ мекард. Чӣ бояд кард, ки ин ҳаракатҳоро пешгирӣ кунанд? Рӯирост пахш карда наметавонист, чун ҳукумати марказии шӯравӣ инро қабул надошт. Кумитаи амнияти давлатӣ усули санҷидашударо пеш гирифт: бадном кардани мардуми норизо.
Комиссияи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон “Оид ба тафтиши ҳолатҳои воқеаҳои вобаста ба 12, 13, 14 феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе” дар хулосаи худ ин нуктаи муҳими рамзкушоро ҷо додааст. Баъд аз танқиди рафтори бемасъулиятона ва бепарвоёнаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар нисбати тақдири мардум, афзоиши сатҳи бекорӣ, ошкор нагардидани ҳолатҳои ҷиноӣ, рушд накардани деҳоти кӯҳистон ва ғайра, Комиссия дар ахбороти худ ба Сессияи дувуми Шӯрои Олии ҷумҳурӣ даъвати дувоздаҳум, ки 21-29 августи соли 1990 баргузор гардид, чунин мегӯяд:
“Ин чарову чароҳои беохир оё ташкилоти дахлдорро, аз ҷумла Комитети бехатарии давлатиро ба ташвиш наовард? Дар бораи ба Тоҷикистон омадани эмиссарҳои озарӣ барои бурдани ташвиқот ба муқобили арманҳо 25-уми январи соли 1990 корманди масъули Комитети Марказии КПСС ба котиби Комитети Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон рафиқ Додобоев хабар ҳам дода буд. Рафиқ Додобоев дар вақти сӯҳбат дар комиссия тасдиқ намуд, ки ин хабарро ба роҳбарони Комитети бехатарии давлатӣ расондааст, вале кормандони Комитети бехатрии давлатиро ин ҳама ба ташвиш наовард. Як моҳ пеш ба қайд гирифта 17-уми январи соли равон чаро Комитети бехатарии давлатиро ба ташвиш наовард ва вазифаи муқаддаси худро барои таъмин кардани бехатарии республика наандешид. Илова бар ин муайян гардид, ки аъзои “Ҷабҳаи халқи Озарбойҷон”, мухбири рӯзномаи “Молодежь Азербайджана” ва радиои “Би Би Си” Тоҳир Ҷаъфаров дар Душанбе буд. Рӯзҳои феврали соли равон дар ҷамъомадҳо ширкат варзида мардумро ба муқобили арманҳои аз Сумгаит, Нахичеван ва Боку омада даъват карда, худи ҳамон рӯз дар кӯчаи Максим Горький ва майдони Ленини пойтахти ҷумҳурӣ қариб 30 нафар ҷавононро ҷамъ карда иғво андохтааст. Магар ин таконе набуд?”
Ҳамчунин, рӯзномаи “Известия” мақолае бо номи “План погрома и разбой 12-14-го февраля обсуждался 10 дней до события во время открытия мечети в кишлаке Арбобхотун Лениниского района” нашр кард. Он тасдиқ мекунад, ки Комитети бехатарии давлатӣ ин нақшаро 10 рӯз пешакӣ медонист, вале чорае наандешид ва ҳукумату ниҳодҳои дахлдори ҷумҳуриро ҳам дар ин бора огоҳ накард.
Чунин рафтор боис гардид, ки гирдиҳамоии мардуми норозӣ аз вазъи бади зиндагӣ ба эътирозҳои зидди қавму миллатҳои ғайри мусулмон, аз он ҷумла арманҳо, русҳо ва дигар русзабонҳои Душанбе табдил ёфт. 10 феврали соли 1990 ҷавонон аз маҳаллаҳои Авул, Испечак ва Учқул ба арманҳои маҳаллаи Зарафшон дарафтода, баъзе аз онҳоро латукӯб карданд ва хонаи яке аз онҳоро оташ заданд (Тибқи маълумоти Додситони Тоҷикистон, 200 нафар арманҳои маҳалларо латукӯб карда, чанд манзили онҳоро оташ заданд). Озариҳои муқимӣ ва омада дар ошхонаҳо ва сари кӯчаҳо балво барпо мекарданд, ба ҷавонони тоҷик арақ медоданд, ки бар зидди арманиҳо бихезанд. Овоза паҳн мекарданд, ки Ҳукумат ба онҳо хона тақсим кардан дорад. Гарчанде ин овоза ҳеч гуна асос надошт, он кори худро карда буд: махсусан сокинони шаҳр, ки солҳо дар навбати хона буданд, ба ғазаб омада буданд.
Яке аз сабабҳои асосии гирдиҳамоии 11-уми феврали соли 1990 маҳз ҳамин иғво буд. Эътирозгарон талаб мекарданд, ки арманҳоро аз Тоҷикистон берун кунанд.
Ахбори Комиссия як нуктаи дигарро қайд мекунад, ки метавонад тасодуфӣ набошад, балки ба нақшаҳои пуштипардагии хадамоти махсус ишорат кунад. Роҳбарон ва масъулони ниҳодҳои назорат ва ҳифзи ҳуқуқ аз пешниҳоди маълумот дар бораи ҳодисаҳои февралӣ сарпечӣ мекарданд. Онҳо ҳам тоҷик ва ҳам рус буданд, чунончи: додситони Тоҷикистон Михайлин, ҷонишинаш Захаров, роҳбарони Кумитаи бехатарии давлатӣ ва Вазорати корҳои дохилӣ. Онҳо ба Комиссия маълумоти нопурра ва ё таҳрифшуда пешниҳод мекарданд ва бештари маврид ваъда медоданду таъхир мекарданд, то муҳлати шашмоҳаи тафтишот сипарӣ шаваду тафтиши ҳодисаҳо вазни ҳуқуқии худро гум кунад. Чунин ҳам шуд: бисёре аз дархостҳои Комиссия беҷавоб монданд. На фақат ин ниҳодҳо аз пешниҳоди маълумот ва ҳамкорӣ бо Комиссия сарпечӣ мекарданд, балки ба беморхонаҳо ва экспертизаи тиббии Вазорати тандурустӣ фармон медоданд, ки ҳуҷҷатҳои тиббӣ дар бораи маҷруҳшудагони ҳодисаҳои февралӣ надиҳанд.
Таъкидан, чун бемасъулиятӣ муариффӣ кардани ҳодисаҳои февралӣ ва дигар ҳаракату эътирозҳои солҳои 1990-ум баҳои сатҳӣ ва яктарафа мебуд. Ҳақиқат печидатар аз ин аст. На фақат масъулони ғайритоҷик, балки пеш аз ҳама роҳбарони тоҷики сохторҳои назорат ва ҳифзи ҳуқуқ низ аз сар задани чунин ҳодисаҳо огоҳӣ доштанд, вале чораандешӣ накарданд. Чаро чунин шуд? Чунки дар ранги дигар гирифтани эътирозҳо ва гирдиҳамоиҳои мардум хадамоти махсуси ҷумҳурӣ ва Маскав низ даст доштанд. Онҳо бояд мардуми башӯромадаро беобру ва беэътибор мекарданд. Аз ин рӯ, Кумитаи бехатарии давлатии Тоҷикистон мавқеи бетарафиро гирифта буд. Масъулони рустабор ва тоҷиктабори ниҳодҳои назоратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ на фақат хомӯш буданд, балки раванди беобрусозии мардумро метезонданд. Шояд маҳз хадамоти махсус озариҳоро ба Тоҷикистон овард, то бо ангехтани эҳсоси мазҳабии тоҷикони сода бар зидди арманҳо балво хезонанд.
Дар зери чатри хадамоти махсус даст доштани сохторҳои назоратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ дар чунин балво боз аз он ҷиҳат метавонад собит гардад, ки дар гузориши Додситони Тоҷикистон, Михайлин Г. С. дар сессияи чоруми Шӯрои олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи рафти таҳқиқи воқеаҳои моҳи феврали соли 1990 дар шаҳри Душанбе аз нақши озариҳо ёд намегардад, ҳамаи гуноҳ ба дӯши роҳбарони ҳаракатҳои эътирозӣ гузошта мешавад. Шояд ин яке аз нахустин ҳуҷҷатҳое бошад, ки ин ҳаракатҳоро ба ҷинояткорӣ ва бунёдгароии исломӣ рабт доданд. Дар гузориши додситон, ки танҳо пас аз чанд моҳи ҳодиса нашр гардид, аз ҳаракатҳои тундгароёни исломӣ ва мақолаи “Известия” дар бораи ифтитоҳи масҷиди деҳаи Арбобхотуни ноҳиия Ленин ёдрас мешавад. Савол ин аст, ки оё онҳо то ин вақт ва бахусус то ҳодисаҳои феврали соли 1990 дар бораи ин ҳаракатҳои пинҳонӣ намедонистанд? Магар Комитети бехатарии давлатии Тоҷикистон, ки ҷузъи таркибии КГБ-и Шӯравӣ, яке аз тавонотарин ниҳодҳои ҷосусии ҷаҳон буд, аз онҳо бехабар буд? Магар ин ва дигар ниҳодҳои қудратӣ намедонистанд, ки дар маҳаллаи Зарафшон ва дигар минтақаҳои Душанбе ба арманҳо дарафтода буданд, мардумро бар зидди онҳо мешӯронданд, на фақат дар кӯчаҳою ошхонаҳо, балки дар техникуму мактабҳои олӣ дар бораи ба арманҳо додани хона овоза паҳн карда буданд, ҳатто дар дари ошхонаи Донишкадаи омӯзгории Душанбе 8-9 феврал дар ин бора эълон овезон карда буданд (тибқи гузориши Додситони Тоҷикистон).
Ҳикматулло Насриддинов дар китоби худ “Таркиш” мегӯяд, ки ҳукумати Тоҷикистон медонист, ки дар водии Вахш гурӯҳҳои мазҳабӣ вуҷуд доштанд ва дар байни ҷавонон тарғибот мебурданд, вале коре намекарданд. Пажӯҳишгари фаронсавӣ Стефан Дудоигнон аз номи полковник Султон Ҳамад меорад, ки Ҳизби наҳзати исломии Шӯравӣ лоиҳаи махсуси КГБ ба хотири бадном кардани ҳаракатҳои демократӣ буд. Метавонад ин шаҳодат воқеият дошта бошад, чун он ҳизб дар Русия соли 1994 пароканда ва аз фаъолият бозмонд.
Дар давраи ҳодисаҳои февралии соли 1990 дар бораи рафтори тоҷикон ба русҳо ва русзабонҳои шаҳри Душанбе овозаҳо паҳн мегардиданд. Гӯё 12-14 феврал онҳо як кӯдаки русро пора-пора карда, ба дарё андохтанд, як зани русро аз болои пули Душанбе ба дарё партофтаанд, як зани ҳомилаи русро таҷовуз кардаанд ва ғайра. Аммо Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситони кишвар бо роҳбарони тоҷику русаш ба дархости Комиссия ҷавоби қаноатбахш надода, баҳона пеш оварданд, ки ин ҳодисаҳо ҳанӯз баҳои ҳуқуқӣ нагирифтаанд. Магар хадамоти амниятӣ онҳоро аз додани маълумот манъ карда буданд? То ҳанӯз ба ин пурсиш ҷавоб ёфтан душвор аст, вале метавон фарз кард, ки чунин амри пинҳонӣ вуҷуд дошт.
Ин ҳодисаҳо ва ҳодисаҳои минбаъда, чун Ҷанги шаҳрвандӣ нишон дод, ки норизоятӣ ва эътирозҳои иҷтимоии мардуми тоҷикро ба самти нодуруст, яъне маҳалгароӣ, миллатпарастӣ ва мазҳабгароӣ тоб доданд. Ба ҷои талаби ҳақиқат ва адолати сиёсию иҷтимоӣ, онҳо дар симои арманҳо, русҳо, яҳудиён ва билохира, дар симои якдигар душман меҷустанд. Ваҳшониятҳое содир мекарданд, ки тарроҳони ҳодисаҳои февралӣ ва паҳнкунандаҳои овозаҳои фитнаангез худ дар ҳайрат монда буданд.

Комментарии (0)

Оставить комментарий