Баъд аз фаъолияти “Роғун”: ба муҳоҷирати меҳнатӣ ниёз намемонад
Абдуҷаббор Раҳмонзода, ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Эмомалӣ Раҳмонро аз қудратдороне хонд, ки манфиати давлат ва Ҳукуматро аз манфиати шахсӣ боло медонанд.
Раҳмонзода бо нашри як мақола дар хабаргузории давлатии “Ховар” фаъолсозии “Роғун”-ро натиҷаи азму ирода ва ҷасорати бузурги Эмомалӣ Раҳмон гуфт.
“Бо талошҳои зиёд ва ҷидду ҷаҳди беандоза Сарвари давлати тоҷикон сохтмони онро аз нав оғоз карда, дар муддати расо 10 сол (солҳои 2008 – 2018) агрегати нахустини ин кохи муҳташами нурро ба кор дароварданд”, - изҳор доштааст ёрдамчии раисиҷумҳур.
Ба иттилои Раҳмонзода, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар назди ин сохтмони аср Шӯрои нозиронро бо роҳбарии сарвазир таъсис дода, Шӯроро вазифадор карданд, ки ҳар моҳ бо кору фаъолияти сохтмончиёни Роғун шинос шуда, аз натиҷаи заҳмату талошҳои онҳо ба роҳбари давлат мунтазам гузоришҳои шифоҳию хаттӣ пешниҳод намояд.
“Коргарони баору номус ва қавииродаи Роғун ба Сарвари давлаташон ваъда доданд, ки аз уҳдаи ҳама гуна нақбканиҳои вазнин мебароянд ва корҳоро бо сифати баланду сари вақт иҷро мекунанд. Онҳо на танҳо ба қавлашон вафо карданд, балки корро дар се баст ташкил намуда, барои ба мақсад расидан тамоми неру ва қобилияти кордонии хешро сарф карда, дар вақти муайяншуда корҳои сохтмониро ба анҷом расониданд. Ҳамин азми қавӣ ва матонати баланди коргарон аст, ки бунёди иншоот босуръат идома дорад ва кор дар бисёр қитъаҳо шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст”, - таъкид намуд ёрдамчии раисиҷумҳур.
Ӯ афзудааст, ҳар як ташаббуси созандаеро, ки раисиҷумҳур оғоз менамояд, то ба анҷом расиданаш шахсан сарварӣ мекунанд ва бо иҷро шудани он рӯҳу илҳоми тоза гирифта, дар пайи ғояи нави ватандӯстона мешаванд.
Ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон илова намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар сохтмони “Роғун” мушкилиҳоро бо таҳаммул паси сар карда, ҷасуронаю далерона дар бунёди иншоот миён баста, дар муддати як даҳсола ба муроди дилашон расиданд.
“Сарвари ботадбир хуб дарк мекарданд, ки ин иншоот роҳи бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодиро мекушояд ва барои таъсиси ҳазорҳо ҷойи кори нав замина фароҳам меоварад. Ин энергияи арзон сабаби таъсис ёфтани корхонаҳои бузургу миёнаи саноатӣ шуда, ҷиҳати тағйир ёфтани инфрасохтори маҳаллӣ мусоидат менамояд”, - навиштааст Абдуҷаббор Раҳмонзода.
Ба навиштаи ёрдамчии раисиҷумҳури Тоҷикистон баланд гардидани сатҳу сифати ҳаёти мардум ба он мусоидат хоҳад намуд, ки қишрҳои гуногуни аҳолӣ дар макони зисти худ соҳиби ҷойи кори доимӣ мешаванд ва ба тарбияи фарзандон машғул шуда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ эҳтиёҷ намемонад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода таъкид намудааст, ки тавлиди нур- ин тавлиди бахти нави халқи тоҷик бо сарварии Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Нашри мақолаҳои олимон, мансабдорон, руҳониён ва намояндагони дигари қишрҳои ҷомеа дар ҳоле сурат мегиранд, фаъолсозии чархаи аввали нерӯгоҳи “Роғун” 16 ноябр дар Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар назар аст.

Комментарии (0)