Рустами Эмомалӣ ба кумитаи тадорукоти Чемпионати CAFA-2019 миннатдорӣ изҳор намуд
Президенти Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба сифати як шахсияти муътабар дар соҳаи футбол ба кумитаи тадорукоти Чемпионати CAFA-2019 миёни наврасони то 16-сола барои дар сатҳи баланд иҷро намудани вазифа ва масъулияти бардӯшдоштаашон миннатдорӣ изҳор намуд.
«Аз номи Ассосиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (Сеntral Asian Football Association) ва шахсан аз номи худам ба кумитаи тадорукот миннатдории бепоёни хешро иброз медорам, — гуфт Рустами Эмомалӣ. — Мусобиқоти мазкур, ки дар кишвари мо баргузор шуд, бояд зикр намуд, ки дар сатҳу сифати олӣ роҳандозӣ гардид ва бо ҳамин маром хотима ёфт. Давоми маъракаи мазкур як қатор бозиҳои диданиву ҷаззоб сурат гирифтанд, ки то дер гоҳ дар хотироти мухлисон нақш хоҳанд баст. Ҳамин тариқ, ғолиб ё чемпиони ин мусобиқот дар охирин бозӣ муайян гардид. Бо ҳамин далел ва бо истифода аз ин фурсат дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистонро барои дарёфти медалҳои тилло сидқан табрику таҳният гуфта, барояшон ғалабаҳои нав ба нав олрзу мекунам!».
Рустами Эмомалӣ ҳамчунин минатдории хешро хешро ба роҳбарият ва аъзоёни дастаҳои мунтахаби наврасони Ӯзбекистон, Эрон, Афғонистон, Туркманистон ва Қирғизстон ҷиҳати иштироки фаъолонаашон дар ин чемспионат баён дошт ва дар фаъолияти минбаъдаи онҳо баҳри дарёфти роҳхат ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё-2020, ки моҳи сентяр доир хоҳад гашт, барору комёбиҳо орзу кард.
Бояд илова намуд, ки ҳафтаи оянда дар Тоҷикистон Чемпионати CAFA-2019 миёни дастаҳои мунтахаби то 19-сола оғоз мегардад. «Аминам, ки ин мусобиқа низ дар сатҳу сифати баланд доир шуда, дӯстиву рафоқат ва меҳру садоқатро миёни ҷавонон таҳкиму тақвият мебахшад ва барои сокинон ва меҳмонони ба иди бузурги футбол табдил хоҳад гашт», – иброз дошт Рустами Эмомалӣ дар мусоҳиба ба дафтари матбуоти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ.

Комментарии (0)