Кабир Кабиров ба ҳаштуним сол зиндон маҳкум шуд
Тибқи иттилои дастрасшуда Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ рӯзи 31-уми июл ҳукмро нисбати Кабир Кабиров эълон кардааст. Наздикони Кабир Кабиров ҳоло фурсат доранд, ки аз болои ҳукми додгоҳ ба зинаҳои болӣ шикоят баранд.
Парвандаи Кабир Кабиров аз сӯи Раёсати корҳои дохилии Душанбе таҳқиқ ва авоили моҳи июл ба додгоҳ ирсол шуда буд. Нисбат ба Кабир Кабиров бо иттиҳоми "вайрон кардани қоидаи ҳаракат дар роҳ" (қисми сеи моддаи 212-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон), ки боис ба марги ду нафар шуд, парвандаи ҷиноӣ боз карда буданд. Ин банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз панҷ то даҳ сол маҳрумият аз озодиро пешбинӣ мекунад.
Садама дар маркази Душанбе
Писари молики бозори "Султони Кабир" шаби 23-юми март дар хиёбони марказии Душанбе бо худрави тамғаи "Лексус-450" ба садама дучор шуд. Дар натиҷаи он ду нафар аз ҳамроҳонаш - Саидов Саидҷаъфар Бахтиёрович ва Саҳобиддинзода Некзод Мисриддин, ки ҳарду 19-сола буданд, ба ҳалокат расиданд. Як ҳамроҳи дигараш бо захмҳои гуногун дар бемористон гардид.
Мақомоти Раёсати корҳои дохилии Душанбе дар пай гуфтанд, Кабир Кабиров "бо сабаби баланд намудани суръати ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, аввал ба девори бетонии канори роҳ ва баъдан ба симчӯби оҳанӣ бархӯрдааст".
Ҳодиса дар рӯ ба рӯи бинои сохтмонаш нотамоми Хадамоти алоқа ва дар наздикии бинои порлумони Тоҷикистон рух дод. Кабир Кабирови 19-сола донишҷӯи соли якуми факултаи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст.
Дар Тоҷикистон солона садҳо нафар дар садамаҳои нақлиётӣ ҷон медиҳанд ва ҳазорон нафари дигар захмӣ ва маъюб мешаванд. Дар тақрибан ду соли охир дар Тоҷикистон бар асари садамаҳои нақлиётӣ беш аз 700 нафар ҷон бохта ва беш аз 2300 тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.

Комментарии (0)